Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

таърихист. Доир ба ин масъала Б. Ғафуров дар «Тоҷикон» чунин далелро меорад: «Намак, эҳтимол, чизи муқаддас ҳам ҳисоб мешуд, ба ҳар ҳол, нисбат ба Эрони Сосонӣ дар ин бобат ҷои шубҳа нест, зеро дар маросими қасами ботантанаи шоҳони Сосонӣ намак чун рамзи садоқат кор фармуда мешуд» (ҷ. 1, с. 308).

Чи тавре ки дар боло зикр шуд, Б. Ғафуров танҳо ба зикри мансубияти забонии калимаҳо маҳдуд нашуда, боз фарозу нишеби таҳвили воҳидҳои луғавиро аз як забон ба забони дигар мӯшикофона таҳлил намудааст. Масалан, ӯ шакли туркӣ пазируфтаи воҳидҳои эрониаслро дар мисоли вожаи «ябғу» чунин шарҳ медиҳад: «Волиспи ин вилоятҳо унвоне доштаанд, хитоиҳо онро бо калимаи «Хи-хэу»... ифода кардаанд. Қариб шакке нест, ки ин хули ҳамон унвои мебошад, ки баъдҳо дар тангаҳои кушопиён ба намуди «yavuga» ба назар мерасад ва сипас ба туркҳо ба шакли «ябғу» гузаштааст... баромадани унвони мазкур форсӣ на маънояш бояд «сардор» бошад». Дурустии ин ақидаи Б. Ғафуровро бо ин нуқта метавон ба исбот расонид, ки имрӯз дар Бухоро варианти ин калима дар шакли «Ҷамук» ба ҳамон маъно мустаъмал аст.

Китоби «Тоҷикон»-ро ганҷдони луғоту таъбироти забонҳои хешу ғайрихеш ҳисобем, муболиға намешавад. Дар натиҷаи ҳисоби омории мо аз ҷониби Б. Ғафуров таҳлил шудани 22 шакли ориёиву умумиэронии унсурҳои луғавӣ, 15 вожаи авастӣ, 30 апосири луғавии суғдӣ, 8 шакли бохтарии луғот, 3 унсури хоразмӣ, 5 моддаи луғавии ҳиндӣ, 9 калимаи юнонӣ, 35 шакли хитоии луғот, 1 шакли муаррабро дучор омадем. Дар аксар маврид нигорандаи «Тоҷикон» баробари инъикоси мансубияти забонии унсурҳои луғавӣ боз афзудану костани маънои онҳо ё паси сар шудани тағйироти маъноияшонро низ мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Чунончи, аз тарафи муҳаққиқ маъноҳои «қабила» ва «маскани аҳли қабила»-ро ифода кардани калимаи «вис»-и авастоии манопати, ки маънои «сарвари оила»-ро дорад, дар шакли иманопати омада, мафҳуми «кадбону»-ро ифода кардани он баррасӣ мешавад.
Дигар аз махсусиятҳои шарҳи луғот дар «Тоҷикон» он аст, ки дар мавриди душвории дарёфти решаи калима муаллиф онро таъкид намуда, танҳо бо шарҳи маънояш маҳдуд гаштааст. Масалан, аз ҷониби Б.Ғафуров дар як маврид агар имконпазирии шарҳи решаи калимаи массагет таъкид шавад (ҷ.1, с.178), пас ҳангоми таҳлили тақдири таърихии луғати зардушт (шутурбон ҷ.1, с.81), меванча (паланга- ҷ.1, с.220), ямин, кадевар ва монанди инҳо танҳо зикри маънои онҳоро авло ҳисобидааст.

Ҳамин тавр, зикри муносибати Б.Ғафуров ба ваҷҳи тасмияи чанд воҳиди луғавӣ баҳраш он аст, ки муаллиф дар назди худ на танҳо вазифаи исбот намудани тағйирнопазирии бунёди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи анъанавӣ ва тарзи идораи онро баъди на аз системаи давлатдорӣ, балки аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум шудани тоҷикон аз аҳди Қарахониён то давраи манғитҳоро гузоштааст, балки боз кӯшиши собит сохтани тақдири ягонаи таърихии доштани забони қавму халқияти эрониаслро дар давраҳои мухталиф нишон дода, самтҳо ва сабабҳои омезиши забони тоҷикиро бо забонҳои дигари хешу ғайриҳем равшан намудааст.

пешина
аз 63