Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
«пиёи хуб», умумиэрони хуаспа, авестой (дерин) хваспа, порсии қадим хуаспа «аспи хуб» (90, с.245), хухрату «ақли хуб», авестой хаосафиаипа «пӯлоди» (аз ҳаусвапа «оҳани хуб») (1, с.481, 90, с.245).
Маводи гирдоварда касро ба чунин андеша водор месозад, ки дар давраи қадими инкишофи забонҳои эронӣ ду вожаи қариб ҳамгуни ху вуҷуд доштааст: ху ва хӯ. Ин воҳидҳои луғавӣ бо як унсури ҷузъӣ, вале аҳамияти муҳими лексикӣ ва грамматикӣ дошта аз ҳам тафовут доштаанд: 1) хӯ, ки дар таркибаш садоноки дарози ӯ дорад, бунёди худро аз су-и ҳиндуаврупоӣ гирифтааст: хука, авестой ху «хук», ҳиндуаврупоӣ суко. 2) Аммо аз шакли су- (ҳиндуаврупоӣ су, авестой ху, порсии қадим ху)-и ҳиндуаврупоӣ минбаъд дар забони умумиэронӣ гунаи ху зуҳур кард.
Дар мавриди вожаи мустақил ё унсури калимасоз ба шумор омадани ҷузъи ху байни эронишиносон ақидаи ягона ба назар намерасад: онро гоҳ пешванд, гоҳ вожаи мустақил ба қалам додаанд (57, с.81, 133, 143; 61, с.137, 140-141). Аммо, ба назари мо, аз он ҷо, ки дар матнҳои давраи миёна ин ҷузъ дар алоҳидагӣ дучор намешавад, аз ин рӯ онро унсури калимасоз ба шумор овардан саҳеҳ ба назар мерасад. Таъкиди ин нукта низ бамаврид аст, ки ҷузъи мавриди таҳлил дар аҳди куҳан инчунин дар шаклҳои хва-, ха низ мустаъмал будааст. Чунин гунаҳои корбурди ҷузъи ху- далел бар он аст, ки нуқтаи ибтидоии раванди тасдили ҳамсадои ҳ ба х ҳанӯз дар давраи қадими инкишофи забонҳои эронии сурат гирифта будааст: порсии қадим хварса «марди хуб», «қаҳрамон» (ху+аршан «мард»). ҳарсадота «қаҳрамон офридашуда» (хварша-хва+-аршан «қаҳрамон» + дота «офридашуда», «додашуда»).
Ҳар ду майлон дар давраи миёнаи инкишофи забонҳои эронӣ, аз ҷумла порсии миёна баробар ҷараён пайдо кард. Ин аст, ки дар бархе вожаҳо табдили ҷузъи ху- ба ху- мушоҳида мегардад, вале дар дастаи дигар идома ёфтани ҳамон шакли куҳан ба назар мерасад. Масалан, калимаи хуанаҳ «амали хуб» (ҳиндуаврупоӣ опос «кор») дар порсии миёна гунаи хуп/хуб-ро пазируфт, аммо вожаи умумиэронӣ хурам «хушбахт, хушҳол» дар порсии миёна ба ҳамон гунаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё