Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Надонӣ, садқаи сарам! – чашмонаш бештар ба бозӣ даромада, якбора шўрид вай.
– Ҳаддатонро шиносед! – дар байни панҷаҳои бақувваташ чанбари фармонро сахт фишурда, гуфт Зафарбек.
Вале Хаскаш ин дам ба Андрей гап мезад.
–
...корд маъқул?
– Бале, ниҳоят...
– Албатта, корди фармуда буд.
– Бисёр маъқул, – такрор кард ў ва аз чӣ бошад, ки филҳол сурх шуду нишастгоҳи холии пешро тела дода: – Дарро кушо, ман мебароям, – гуфт ба Мансур.
Ва онҳо пасопеш аз мошин фуромаданд.
Андрей боғоҷмонакро чаққон кушода, аз кўлбори худ як корди бағилофи гулбандаш ҷозибро берун овард ва ба сўи Хаскаш ёзонда:
– Гиред, – гуфт. Сипас лаҳзае хомўш монду гашта такрор намуд: – Корди нағз, ҳатто олиҷаноб. Ба соҳибаш насиб кунад.
Хаскаш ноҷунбон рост меистод, гўё шах шуда буд.
– Гиред!
– Охир, барои чӣ? Тўҳфа...
– Гиред гуфтам ба шумо! Аз ҳисоби ин гуна кирокашиҳо ба ман тўҳфа лозим не.
Боз махсусан... агар аз шумо хотира бошад!
Хаскаш ба дастони каме ларзон кордро гирифт. Гирифту...
Онҳо аз нав ба мошин нишастанд.
Ва Хаскаш дар мобайни раҳ танҳо монд.
Ҳайрон монд.
– Бемазҳаб, – гуфт оҳиста Зафарбек ва маторро ба кор андохт.
Дўстон, ҳар кадом дар қайди андешаи худ, беш аз ним соат хомўш буданд.
Баъде ки хеле масофаро тай карданд, Андрей ба Зафарбек нигариста, нохост, вале дар тамкин гуфт:
– Ман, додар, аз деҳаи шумо ба таассурати нек меравам. Орзу доштам, ки ба падари ана ин дўсти азизам шинос шавам. Ниҳоят... ба орзуям расидам. Инсони бузург будааст падари дўсти ман! Ғайр аз ин... боз хеле одамони хубро дидам. Беҳад хурсандам, ки ба шумо ҳам вохўрдам. Ман ҳоло бисёр мехоҳам бароятон аз худ хотирае гузорам. Лекин... узр, ки ҳамроҳам бисоти арзанда надорам...
– Ба ман ҳеҷ чиз лозим не, – гуфт Зафарбек, қадре даступо хўрда.
–
...Лозим буд! Хайр, боз ҳамдигарро мебинем. Кўҳ ба кўҳ намерасад, одам ба одам мерасад... Касби ману ин ҳамдеҳаи шумо як – меъморем мо. Рўзе агар хона сохтан хоҳед, баъд... агар розӣ бошед, тарҳи он хонаро ман худам мекашам.
Фақат мактубе навишта, дар ин бора хабар расонед, кифоя...
– Менависам, ҳатман менависам.
– Ташаккур аз шумо; барои хизмати беминнат, барои нияти покизаву чеҳраи кушода.
– Ҳамин ҳам хизмат шуд? – ба ҳаяҷон омада, аз самими қалб гуфт Зафарбек. Ва фурсате ба сукут рафта, гўё худ аз худ пурсид: – Бахт чист?
– Инро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад, – гуфт Мансур. Дўсти маскавиаш хаёлманд сар ҷунбонд.
– Рост...
– Ба назари ман бахт, бахти аз ҳама бузург… – ба номаш инсон хурсандӣ бахшида, дар дили ў тухми накукорӣ, тухми муҳаббат киштан аст, – гуфт оҳиста ҷавони биступанҷсола Зафарбек ва суръати мошинро бардошт.
Раҳ ба сўи Шаҳр тўл мекашид.
Ба пастӣ, баландӣ, каҷӣ ва килебиҳои худ тўл мекашид...
1985
ХОҶАМАСТ
Тақ-тақи ногаҳони дарвоза сўҳбати гарми онҳоро бурид. Ба маънии «кӣ бошад...»
Музаффар ба рўи падараш суоломез як нигоҳ карду аз сари дастархон хеста, ҷониби кўча рафт. Азбаски пеши пояш торик буд, вай аввал чароғ даргиронда, пас дарвозаро кушод. Ва дар партави равшанӣ мудири анбори калхоз Хоҷа Сайфиддиновро шинохта, акнун салом додан мехост, ки худи ў беқарор сухан ангехт:
– Эъ, эъ!.. Кай омадед, додар? Ана, дидори шумо муяссар шуд... Саломатӣ дуруст? Кору бор?.. Шунидам, ки дар Душанбе муаллими калон будаед. Баиззату эҳтиромед... Нағз, бисёр нағз. Дар қатори дўстон мо ҳам хурсанд.

пешина
аз 132
навбатӣ