Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳоро шунида-шунида, маро асосан хоб мебурд. Вақти бедорӣ медидам, ки зудзуд тирезаро кушода мемонанд. Ва палата пури магас мешуд. Янгаат, берўзӣ, даҳану биниашро ҳар замон ба рўймолча маҳкам карда, дар сари болинам музтар менишаст.
– Шояд аз бўи доруву дармон... – суоломез ба Ҳотамбек менигарад Нозилҷон.
– Э не-е-е... Аз бўи катарин!
– Чӣ тавр? Оё баъди чанд рўз ҳам... – гаранг мемонад вай.
– Бале, – дар виқор калла меҷунбонад Ҳотамбек. – Аз ҳар нафасам меомад сабил. Агарчи духтурҳо гаштаву баргашта дарунамро шустаанд, он бўи бад як ҳафта зиёдтар аз даҳану биниам берун шуда, номаш магасро қир мекард. Ба чашми худ медидам, ки ҷонварҳо аввал дар ҳавои палата каме пар зада, баъд чӣ хел сарозер меғалтанд. Рафту ба ман наздик шаванд, ё ба ягон ҷои рўям ё дастам шинанд, тамом – филҳол меғелиданд.
Саидвалӣ хандон мегуфт, ки ба шарофати катарини ту аз шилки магас дигар парво надорем... Ҳамин тавр, беш аз бист рўз дар беморхона дароз хоб кардам. Аммо ҳанўз ҷавоб нашуда, тамоми ноҳия аз қиссаи ман дарак ёфтааст. Майлат, инашро як дарди бахайр медонем. Аз ҳама бадаш, табибони ҳозиқи мо ҳар чӣ фармоянд, янгаат бебаркаш сарф карда, ба сари чорсад долларе ки алалэҳтиёт дар хона нигоҳ медоштам, ҳалолу покиза об рехтааст. Дар ниҳояти кор ҳам бепул мондем, ҳам саломатиамро бой дода, дар байни мардум аҷаб афсона шудам. Акнун ҳатто кўдаки қади раҳ маро амаки Катарин мегўяд.
– Ту фақат аз хўрдан меёбӣ, – беихтиёр гап мепартояд Нозилҷон.
– Чӣ хел? – мутаҳайир ба вай чашм медўзад Ҳотамбек.
– Лақаби аввалаат ҳам ҳосили баднафсӣ буд. Ё фаромўш кардӣ?
– Мани сода он вақт аз куҷо медонистам, ки Исматулло, ҷўраи ҷонамон, як карсон атолаи махсус сўзонро оварда, барқасд дар пешам мондааст! Ба хизмат тўҳмат...
– Охир, дилам дами гарм мехоҳад гуфта, ҳамаро безор карда будӣ.
– Хайр, чӣ? Аз саҳар дар рўи ҳавлиаш каланд заниву вай ақалан дегашро натафсонад, мебоист ҷим истӣ?!
– Не албатта! Одам фақат ҷим истад, дигар ба чӣ раҳ лақаб мегирад?
– Лекин рост. Баъде ки он атолаи сабилро, бехабар аз найранги шумо, осема дам кашида, дилу ҷигарамро муфт сўзондам, ба ҷои раҳм маро дар як муддати кўтоҳ ба Дами Гарм машҳур кардед. Гўё таҳтан ном надошта бошам, омада-омада... дар ин сину сол ана, Катарин ҳам шудам.
– Ғам нахўр... – пушти сар мехорад Нозилҷон.
– Ман ғам нахўрдаам, – ҷиддӣ мегўяд дўсти бачагии ў. – Бигузор номамро нагиранд. Ҳаргиз... Ниҳоят чӣ фарқ дорад, ки банда Ҳотамбекам ё Катарин?!
– Ҳар кӣ бошӣ, ту бе ягон муҳобот одами хубӣ, ҷўраҷон. Чӣ тавре дар ёдам мондааст, аз худи овони кўдакиат баинсоф будӣ. Яъне модарзод... Худои карим ҳам маҳз инро яқин ба назар гирифта, умри дубора додааст ба ту. Эҳтиёт шав акнун. Воқиан, духтурҳо чӣ мегўянд – нўшидан мумкин ё...
– Манъ карда буданд.
– Аммо ту эътибор намедиҳӣ?
– Чаро? Фақат гоҳ-гоҳ... аз ҳисоби дўстони беғараз...
– Аз ҳисоби Афлотун бошад ҳам, дигар нанўш. Тамоман... Кӣ медонад, боз нохост ба ягон фалокат печида, мабодо чандинсола номи некатро бой диҳӣ. Олами ҳодис гуфтаанд.
– Номи нек, а! – бепарво даст меафшонад Ҳотамбек.

пешина
аз 132
навбатӣ