УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Шуд, ҷўраҷон, дигар овоз намебарорам.
– Овозат ки намебаромада бошад, – каме сурфида, оринҷашро ба болин такя медиҳад Ҳотамбек, – буду шуди қисса ҳамин: аввал рафта аз кали Анвар ду литр кота... като... Э фарқаш чӣ? Катарин мегўем, вассалом... Мазмун – аввал дар як зарфи оби маъдан аз ҳамон тухми анқо харида, даҳанашро нағзакак бастам. Ва аз гарданаш гирифта, кали Анварро хурсанд карда, бозпас ба раҳ даромадам.
Қад-қади кўча гоҳ ба инаш, гоҳ ба ваяш вохўрда – таомул, охир! – салом-алейк шудаву кам-кам лақида, хотирам аз чор ҳадди дунё ҷамъ, оҳиста меомадам.
Бепарво будам. Азбаски он рўз ҳеҷ кори зарур надоштам, шояд аз шарофати фориғӣ... худ ба худ рўҳам меболид.
Кўкнориҳо барин ба ҳар гуна хаёлҳои ширин рафта, озод, беташвиш, саллона... ва аз чӣ буд, ки ҳатто бисёр хурсанд қадам мемондам. Ҳамин хел то дари магазинамон расида, чашмам нохост ба Исматулло афтид. Вай ба ду нафар улфатамон – ту онҳоро хуб мешиносӣ, доимианд онҳо, – каме дуртар, дар кати баланди зери дарахт бемалол чорзону зада, ба қавли худаш маишати канори ҳавзи Кавсар дошт. Аввал хостам, ки номаълум гузашта равам. Аммо Исматулло ҳам маро дида, ба ишораи даст даъват карду филҳол аз раъям гаштам. Сабил монад, табиатам беҳад мулоим, – ба ягон кас не гуфта наметавонам... Аз ин рў қанатак бароварда, зуд дар назди вай ҳозир шудам. Ва мо, чор тан паҳлавони гарданшикан, то нисфи рўз аз ҳамон кати пешорўи магазин нахеста, гардани панҷ шишаро бехато шикастем. Газакамон чӣ? – шакароб, нон, камтар мева... Худат медонӣ, ки одам агар ба дўстони бачагиаш давра гирад, ҳар касу нокас пашша нашуда, бар замми ин сўҳбат табъи дил ҷараён ёбад, асло хестанаш намеояд. Аз шаш дари олам гап зада, занги дил мешўӣ, гузаштаро ба ёд меорӣ, имрўзаро ба муҳокима мекашӣ... Хулоса, роҳат мекунӣ. Мо ҳам лақидалақида, ба тавре роҳат карда, нимарўз, баъде ки шишаҳо билкул холӣ шуданд, аз дари магазин ғайб задем. Яъне гаранг будем ё ҳушёр, ба ҳар ҳол, ҳар кадом ба роҳи худ рафтем. Ҳамон рўз офтоб аз саҳар башаст омада, гармо тадриҷан боло гирифта, оқибаташ – ҳаво ба мисли танўр метафсид. Боз ин ки ғуборогин буд сабил, вазнин буд. Ҳамвор нафас кашидан як азоб... Дар дастам зарфи пур аз катарин, ман рў ба хона лаб-лаби канал оҳиста пой монда, базўр меомадам. Раҳораҳ аҳволам ба дараҷае танг шуд, ки як-ду бор истода, то метавонистам, чуқур дам задам. Бинам, дар ҳақиқат фоида доштааст – ҳушам дар ҷояш қарор гирифта, оҳиста-оҳиста сабукӣ ёфтам. Бо вуҷуди ин аз дил гузарондам, ки биё, ранги рўямро ҳоло дар хона нишон надода, аввал ҳамин катаринро ба сари замин бурда монам...
Акаат, охир, дар он ҷо як каппача дорад!
Худат медонӣ-ку: ман чор сол боз иҷоракор. Се гектарро ўҳда карда, ба илова ҳосили айни муддао гирифтан аз дасти ҳар кас намеояд. Дар як муддати кўтоҳ ман он замини партавро чунон ба тоб овардам, ки эҳа-а! – тонна-тонна бор медиҳад. Соли дароз на фақат оилаи худам, балки хешу табор низ таъминанд аз пиёзу картошка. Боз хеле мефурўшам...
Исто, ки ту ҳам якхалтаӣ барӣ, намешавад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё