Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

навиштам. Ҳамон рӯз банда рисолаамро оварда ба Мирзоев супурдам ва китоби худ навиштаашро ба ёди домулло Мирзоев овардам. Лекин маълум буд, ки бо ӯ суҳбат кардаанд ва фикрашро гардондаанд.
Ҳайрон будам, ки чаро ин тавр шудааст?

Директори Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ Муллоҷон Фозилов маро ба кабинеташ даъват карду гуфт, ки:

-Фардо ё пасфардо ин ҷо маҷлисе мешавад дар бораи адабиёт ва дар бораи Аҷзӣ. Ту бояд бо сабру тоқат гӯш кунӣ гапҳоеро, ки он ҷо гуфта хоҳад шуд. Худат суханронӣ накунӣ, чизе нагӯйӣ, ҳар чӣ гӯянд, қабул бикунӣ, вагарна азоб хоҳӣ кашид. Суханронии домулло Абдулғанӣ Мирзоев ва Бобоҷон Ғафуровро расман эълон хоҳанд кард.

-Пас, чаро банда бояд чизе нагӯям?-пурсидам аз худ. Қабул мекунанд, намекунанд, ман бояд фикри худамро баён кунам-ба ин қарор омадам ва зуд як матни суханронӣ навиштам, ки хеле муфассал ва хеле ботафсил буд. Суханронии худро ба тоҷикӣ навиштам. Ба маҷлис омадем, маҷлис 29 декабри соли 1959 аз соати шаши бегоҳии баъд аз кор сар шуд ва соати сеи саҳар ба поён расид.
Раиси маҷлис котиби сеюми Кумитаи Марказии Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Алиқул Имомов буд, ки котиби идеология ҳисоб мешуд. Ӯ аз аввал сухан

пешина
аз 117
навбатӣ