Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

гардиш мекардем. Ҳавои тоза мебаромадем. Кино мерафтем. Андак дам мегирифтем. Рӯзе дар шаҳр гашт мекардем, ки иттифоқе рух дод ва зиқамон кард. (Ин иттифоқро дар “Қиссаи дӯстии ману Рустамов” метавонед мутолиа намоед). Банда ба ӯ гуфтам, ки:
-Фардо хоҳам рафт, корҳоям нимкола мондааст.
Архив ҳоло хеле чизҳо дорад, ки бояд бихонам, лекин ман фардо пагоҳӣ меравам. Барои поезд билет мегирам. Пагоҳ ё паспагоҳ бояд, ки аз ин ҷо равам.
Ман ҳамту кардам. Пагоҳӣ билет гирифтам ва баъд аз пешин ба роҳ баромадам ва дигар то панҷ сол Тошканд нарафтам. Рафтан лозим шуд, нарафтам. Ҳатто лозим шуд, ки ба китобхонаи падарам дароям ва аз он баъзе чизҳоро пайдо кунам. Хонаи падарамро бинам. Бо вуҷуди ин нарафтам. Баъди панҷ сол аз рӯйи як зарурат маҷбур шудаму рафтам, лекин дар кӯчаҳош нагаштам. Аз ҳамон маҷлисгоҳамон берун набаромадам. Ҳамроҳони узбекамон хонаашон бурданд, зиёфат карданд. Зиёфати бисёр як маҳдуд ҳам карданд, ки дар он ҷо чизе нагуфтам. Аз он воқеаҳо ҳеҷ ба ёд наовардам, ҳикоя накардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё