Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Оҳ, Худоҷон, наход, ки ӯ медонист, ки фардо кушта мешавад? Бале, ӯ чизеро медонист, эҳсос карда буд! Вагарна чунин шеъреро намегуфту намесуруд.
Фахрия вақте, ки охирин суруди ин кассетаро мешунид, аз ҳуш рафт. Зеро дар вақти иҷрои ин тарона Аҳмад Зоҳир бо ӯ ҳарф мезад, сухан мекард, алвидоъ мегуфт. Фахрия медонист, ки суруди "Охирин шоми ошноии мо ин нахустин шаби ҷудоӣ буд" - ро Аҳмад Зоҳир хеле пеш сурудааст, ҳатто пеш аз хонадоршавии онҳо. Вале дар он, ки ин сурудро ба охири маҳз ҳамин кассета оварда буд, ҳикмати дигареро дарк намуд. Аҳмад Зоҳир бе истифода аз ташбеҳу истиора, бе тамсилу бе парда ба завҷаи меҳрубонаш мегуфт:
"Дигар пои ман нерӯ нахоҳад дошт, ки маро соявор ба дунболи ту кашонанд. Вале рӯҳи ман, рӯҳи ман ҳамчун парвона дар пиромуни шамъи ҷамолат хоҳад гашт ва парпарзанон ҳама ҷо ба ҳамроҳи ту хоҳад буд. Азизи ман, меҳрубони ман, қашанги ман, фаромӯшам макун".
Аз ҳамон рӯзе, ки Фахрия суруди "Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту" - ро бори аввал шунида буд инак 26 сол гузашт. Ҳоло ҳам ҳар боре, ки ин сурудро аз сари нав мешунавад, барои Аҳмад Зоҳири зебояш гиря мекунад... Имсол Шабнами ба гули орзуҳои Аҳмад Зоҳири ҷавонмаргаш норасида ва чеҳраи меҳрбори падари ноком надидаро ба сад орзуву ҳавас ба шавҳар дод. Ҳатто дар ҳамин рӯзи тӯи арӯсии духтараш Фахрия лаҳзае худро танҳо ёфту ҳамон кассетаро ба магнитофон гузошт. Ҳамин ки овози гирои Аҳмад Зоҳири зебояшро шунид, фарёд заду талх гирист... Бале, ин ҳақиқат аст. Фардо ҳам барои ӯ гиря хоҳад кард, пасфардо ҳам... Ва ӯ танҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё