Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Субот, дӯсти Аҳмад Зоҳир аввалин маротиба дар таърихи Афғонистон занҳо низ дар маросими ҷаноза ширкат карданд.
Бори нахуст занони афғонӣ дар баробари мардон то қабристони "Шуҳадои солеҳин" аз қафои тобути овозҳони нотакрор роҳпаймоӣ намуданд. Касе онҳоро аз ин амал боз надошт. Аввалин маротиба пеш аз ба хок супоридани майит дар қабристон садои савту мусиқӣ танинандоз мегардад. Аҳмад Зоҳир аз магнитафоне суруди "Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид"-ро мехонад. Гиряву шӯре дар байни издиҳом барпо мешавад. Гиряву нолаи мардуми ба "манзили хомӯшон" омода гиряи абри баҳоронро болои гули пажмурдае дар биёбон ба ёд меовард. Бале, ҳамчуноне, ки абри баҳорон наметавонад ба гули хазонгашта равон бахшад, борони ашки мардум низ дигар қодир ба дубора ҷон бахшидан ба ин гули боғи ҳунар набуд. Намози шом ҳамоно фаро мерасид, вале касе ҷуръат намекард, ки тани зебои Аҳмад Зоҳирро ба хоки сиёҳ гузорад. Сафиуллоҳи Субот он лаҳзаҳоро чунин ба ёд меорад: "Дар назди қабр устод Найнавоз дар тори сари Аҳмад Зоҳир буд. Падараш дар пеши пойи майит истода фақат ба тарафи кафан нигоҳ мекард. Найнавоз садо кард, ки Аҳмад Зоҳир чун аз ҷумлаи хароботиҳост, бачаи харобот аст, ба расми хароботиҳо дафнаш кунем. Ӯ гуфт, ки "ма устоди Аҳмад Зоҳир астум ва устод Ҳошим устоди ма ҳаст". Аввалин бели хоки гӯра устод Ҳошими табланавоз болои саруш андохт. Дувумашро Найнавоз андохт. Саввумашро як бачаи 8-сола".
Марги Аҳмад Зоҳир мардуми оддӣ, бахусус зиёиёнро сахт такон дода буд. Марги Аҳмад Зоҳир - маҳбубтарин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё