Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

қабили оҳангсозони маъруф Салими Сармаст, Фақирмуҳаммади Нангиҳӯлай, Фазлаҳмади Найнавоз, Исмоили Аъзамӣ, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз ва ғайра низ сабақҳо гирифтааст.

Мо барои чӣ рӯи ин нукта таъкид кардем, зеро болотар гуфта будем, ки баъзе аз муҳаққиқон, аз ҷумла Сафиуллоҳи Субот, шоир ва оҳангсоз, ки дӯст ва ҳамсинфи Аҳмад Зоҳир будааст ва чанд шеър ва оҳанг низ бароиш навиштааст, дар мусоҳибаҳои худ исрор меварзад, ки дар илм ва ҳунари мусиқӣ Аҳмад Зоҳир устод надоштааст. Вале чи тавре ки мебинем, оқои Сипос, ки худ пажӯҳишгари маъруфи адабиёти классикӣ ва ҳунари мусиқӣ дар Афғонистон ба шумор рафта, солҳои дар қайди ҳаёт будани марҳум Аҳмад Зоҳир бо доираи ҳунармандони мусиқии ин мамлакат робитаи зич доштааст, дар ин бора нуқтаи назари дигареро иброз менамояд.

Боз чизи дигари муҳимеро, ки ба фикри мо, оқои Сипос дар китобаш ёдовар шудааст, ин он аст, ки овозхони маъруфи эронӣ хонум Гугуш ба ҳунари Аҳмад Зоҳир эҳтироми бузурге қоил будааст, ки ҳатто дар борааш дар яке аз рӯзномаҳои Эрони ҳамон вақт мақолае низ навиштааст: "Зиндаёд Аҳмад Зоҳир истеъдоди бисёр олӣ дар интихоби шеър дошта, ки ҳатто Гугуш — ҳунарманди бузурги эронӣ роҷеъ ба ҳунари Аҳмад Зоҳир як саҳифаи рӯзномаи ҳамон вақтро ихтисос дода буд. Аз интихоби ашъораш бисёр тавсиф ва тамҷид ба амал оварда гуфта буд, ки "дар насли ҷавон мушкил ки ба садҳо сол Аҳмад Зоҳир пайдо шавад" ва ҳамчунин Пури Бӯной ҳунарманди эронӣ гуфта буд, ки "овоз намешунавам, агар шунавам овози Аҳмад Зоҳир хоҳад буд". Барои хонандагони арҷманде, ки намедонанд

пешина
аз 338
навбатӣ