НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
меояд, ки аз маслиҳату пешниҳодоти омӯзгорони фаннӣ дар мавриди имконияти маърифатомӯзӣ ва ахлоқи фарзандонашон ба тариқи густурдатар суд бардоранд. Дар зимн бояд афзуд, ки падару модарон дар баробари хабардорӣ аз муваффақиятҳо ва камбудиҳои фарзандонашон аз завқу рағбати ҳосилнамудаи онҳо ба ин ё он фан низ воқиф мегарданд. Фаҳмидану донистан ва ба инобат гирифтани ба кадом самт майл доштани фарзандон волидонро ба таҳрик меоварад, ки дар роҳи интихоби ин ё он касб ба фарзандонашон мадад ва мусоидат намоянд, то ки дар рӯзгори худ раҳгум назананд.
Возеҳан шеваи ҳамкории волидону омӯзгорони фаннӣ вежагиҳо ва ниёзмандиҳои хосро дар марҳилаи муносибати тарафайн ба худ касб мекунанд, ки он ҳамаро метавон ба таври зайл пешкаш намуд:
- муомила ва муоширати мӯҳтаронаи падару модарон бо омӯзгорони фаннӣ;
- то ҳадди имкон ширкат варзидан ба дарсҳои омӯзгорон;
- тавоноӣ ва нерӯи ақлонии фарзандони худро ба инобат гирифтан;
- баҳри рафъи нуқсону камбудиҳои шомилёфта тадбири фаврӣ ҷустан;
- ба донишазхудкунӣ ва худтакмилдиҳии фарзандон шароити созгор фароҳам овардан ва ғайра.
Иртиботи мактаб бо оила, ба вижа тавлид ва эҷоди муносибати муштоқонаи волидон бо омӯзгорон дар тарбияти наврасон аз умдатарин масъалаҳоест, ки дар илми тарбиятӣ бо тариқаҳои мухталиф аз ҷониби пажӯҳишгарони ин соҳа матраҳ мегардад. Ковиш ва ҷӯстуҷӯҳои фаровони илмӣ мебояд, ки равишҳои қобили таваҷҷӯҳро дарёб ва корбаст намуда, андешаҳои судманд ва мӯътамад рӯйи сафҳа оварда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё