Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

байни «маҳсулнокии» корхона ва натиҷаи кори менеҷмент алоқамандии функционалӣ мавҷуд мебошад, ки [f аз (x)] вобастагӣ ба кори касбӣ ва ё малакаи менеҷер алоқаманд аст.

Дар алоҳидагӣ бошад маълум аст, ки натиҷаи кори менеҷер ин бевосита аз рӯи натиҷаи фаъолияти кори гурӯҳ, ё сохтории таркибие, ки ӯ роҳбар аст, муайян карда мешавад.

Дар вақти баҳо додан ба «маҳсулнокии» кори менеҷмент ду мафҳум истифода мешуд: ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии кор. Мувофиқи фаҳмиши классикӣ ба ин ду мафҳум чунин баҳо дода мешавад:

Ҳосилнокии меҳнат, аз рӯи ченаки миқдорӣ ҳисоб кардани захираҳои истифодашуда нисбати маҳсулоти истеҳсолкардашуда аст ва фаҳмиши ҳосилнокии меҳнат ин самаранокӣ ва сарфакории кори ташкилот мебошад.

Самаранокии кор нисбати арзиши бозории иҷроиши кор (ё истеҳсоли мол) ва ҷамъи хароҷотҳои ташкилот мебошад, ки дар раванди истеҳсоли мол истифода шудаанд.

Тайёрии касбии менеҷер ба самаранокии натиҷаи кори корхона дар ду шакл таъсир мерасонад, ки ин самаранокии шахсӣ аз ҳисоби қобилияти баланди ташкилии менеҷер ва ташкили самараноки кор бо коргарон мебошад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки тайёрии касбии менеҷер аз ду қисми асосӣ иборат мебошад:

  1. Соҳибкасбии баланди шахсӣ.

  2. Соҳибкасбии функционалӣ тайёрии менеҷер вобаста аз вазифааш дар корхонаи хусусияти хоси бизнес.

пешина
аз 512
навбатӣ