Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ки кулли ҳаракатҳо иҷро карда шаванд, инчунин, нақша бояд ин ҳаракатҳоро идора намояд. Меъёрҳо ва стандартҳо имкони барҳам додани хароҷотҳои зиёдатиро медиҳанд.

  1. Мақсаднок мебуд, ки ҳудуди қаҳравии меъёрӣ муайян карда мешуд (+, -, ё ин ки, аз 1-5%). Дар ҳолати аз ин ҳудуд гузаштан ҳалли масъаларо аллакай шахси масъул, ё мақомоти назоратӣ дида мебарояд.

  2. Меъёрҳо бояд, ки дар шароити техникӣ ва дигар шароитҳои корхона иҷрошаванда, ё худ воқеӣ бошанд. Албатта натиҷаҳои хуб дар он вақт ба даст дароварда мешавад, агар стандартҳои байналхалқии ISO-9000, қоидаи ГАТТ-ВТО ва дигарҳо истифода карда шаванд.

Дар шароити ҳозира аксари ширкатҳо ҳаракат мекунанд, ки дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ таҷҳизоти электронӣ бароваранд ва хизмати маишӣ пешниҳод кунанд. Исбот карда шудааст, ки стандартҳо бояд ба стандартҳои байналхалқӣ, миллӣ, зермиллӣ ва дигарҳо такя кунанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло хулосаҳои зерин баровардан мумкин аст:

меъёрҳо ва стандартҳо дар ҷараёни бамақсадрасонии ширкатҳо аниқ ва асоснок бошанд;

меъёр ва стандартҳои асосноккардашуда бояд “ҳудуди доира”-ро муайян созад, ки дар дохили он коргарон “ҷои корӣ” ва дараҷаи ҳуқуқу масъулияти худро ёфта фаъолият мекунанд;

ҳар як менеҷер доир ба фаъолияти иҷозатдодашуда ва иҷозатдоданашуда системаи “огоҳии” худро дорад.

Ҳамин тариқ, чен кардани фаъолияти коргар яке аз вазифаҳои асосии менеҷер ба ҳисоб меравад. Ин ченак барои он зарур мебошад, ки он фаъолияте, ки тарафи шахсони алоҳида ва органҳо иҷро карда шудааст, аниқ ба қайд гирифта шаванд. Қайд бояд кард, ки ченак на фақат натиҷаи функцияи назоратии менеҷер, балки ин натиҷаи пурраи фаъолияти менеҷер мебошад.

ЯК қатор омилҳои баланд бардоштани самаранокии назорат дида мешавад. Аз он ҷумла дар ин ҷо овардани чор омили нисбатан муҳим мувофиқи мақсад аст:

  1. Ченак бояд фақат бо нишондиҳандаҳои нақшавӣ бояд асоснок карда шавад, чунки менеҷерон барои ахбори фарқияти нақша зарурат доранд.
пешина
аз 512
навбатӣ