Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Иттиҳодияҳои трансмиллӣ - кулли шахсони ҳуқуқӣ, ё шахси ҳуқуқии алоҳидаро меноманд, ки аз тарафи ташкилотҳои ду ва ё зиёда давлатҳо ташкил карда шуда, дар ҳудуди ин давлатҳо моликият ва хоҷагиҳои худро доранд. Мақоми ҳар яке аз иштироккунандагони идоракунии иттиҳодиявӣ, алоқамандии гуногуни онҳоро дар мамлакатҳои гуногун санадҳои ҳуқуқӣ, механизми бозор ва анъанаҳо ба танзим медароранд. Валекин як қатор хислатҳои умумии идоракунии иқтисодӣ барои ҳамаи шаклҳои иттиҳодӣ мавҷуд мебошад, ки асосашонро инҳо ташкил медиҳанд:
мавҷуд будани шаклҳои гуногуни фаъолиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки вобаста аз мақсадҳои асосӣ бояд мувофиқ кунонида шаванд;
алоқамандии васеи манфиатҳои давлатӣ ва сохторҳои иттиҳодиявӣ;
ташкили функцияҳои махсуси идоракунии иттиҳодиявӣ вобаста аз васеъ шудани мавзеъ ва мураккабии ҳамоҳангсозии шаклҳои гуногуни функцияи менеҷерон ва моликиятдорон;
мавҷуд будани сохторҳои иловагӣ ва марказҳо, ки дар баробари сардорони ташкилотҳо фаъолият намуда, хислати алоқамандии гурӯҳиро оид ба иқтидори молиявию иқтисодӣ, маъруфият ва обрую эътибори корчалонии роҳбар ташкил мекунанд;
афзоянда будани иштироккунандагони иттиҳодияҳо ва алоқамандии хоҷагидорӣ;
нишонагирии иштироккунандагон барои ба даст овардани самаранокии алоқамандии баҳамой, ки асоси ҳамкорӣ мебошад.
Шартҳои асосии самаранокии идоракунии сохтори иттиҳодиявӣ инҳо мебошанд:
риоя кардани ягонагии мақсадҳо дар фаъолияти субъектҳо;
ташкил ва дастгирии дараҷаи зарурии мотиватсияи иқтисодии фаъолияти якҷоя;
нишонагирӣ барои кам кардани таваккали алоқамандии баҳамой;
бо ҳам мувофиқ будани иқтидори захиравии ташкилотҳои ҳамкор;
таъмин намудани ҷараёни идоракунии алоқамандии баҳамой ба манфиати моликиятдорон ва гирифтани фоида;
алоқамандии озоди ахбори байни иштироккунандагони интегратсия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ