Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар давраҳои аввали инкишофи башарият ба фаъолияти соҳибкорӣ наздик ин фаъолияти тоҷирон ва косибон буданд. Тоҷирон худашон фикр мекарданд, ки кадом мол, дар куҷо ва кай фурӯшанд, молро чӣ хел ба ҷои зарурӣ баранд, то ки онҳоро дуздон ғорат накунанд. Ин дар ҳолатҳое мешуд, ки ҳатто тоҷир якум маротиба ба он давлат сафар кардааст ва барои ӯ ҳанӯз номаълум аст, ки кадом мол дар ин давлат харидори хуб дорад ва нархаш чӣ хел мебошад. Ҳамин тариқ, тоҷирон дар ҳамон давра масъалаҳоеро иҷро мекарданд, ки барои соҳибкорони имрӯза низ муҳим мебошад. Косибон низ дар ватани худ медонистанд, ки молҳои ороишӣ, чун зару зевар нақшу нигори сохтаро чӣ қадар зиннат диҳанд, ҳамон қадар харидорони зиёд пайдо мекунанд. Чунин фаъолиятро иҷро намуда, косибон ҳақиқатан ҳам ба соҳибкорӣ машғул буданд.

Махсусан, дар давраи аввали фаъолияти соҳибкорӣ тамоми функцияи соҳибкорӣ дар дасти як одам, заргар, ё косиб гузошта шуда буд. Онҳо бо пули худашон мол харида худашон истеҳсол мекарданд, худашон мефурӯхтанд, худашон муайян мекарданд, ки чиро бихаранд ва чиро истеҳсол намоянд.

Аллакай дар давраи аввали фаъолияти соҳибкорӣ барои иҷрои корҳои ёрирасон, тезонидани равандҳои технологӣ соҳибкор қувваи кории иловагиро дар шакли коргари кироя, ё ғуломон ҷалб менамояд. Функцияи $F_5$ ба дасти дигарон дода мешавад, дар раванди функционалии ҷараёни соҳибкорӣ унсури $F_3$ пайдо мегардад. Расми 5 ҳанӯз дар давраҳои қадим шахсони алоҳидаи судхӯр пайдо гаштанд, ки соҳиби сармоя, молҳои зиёд ва бозорҳоро зери дасти худ гирифта буданд. Дар асри X-XIII технологияи тиҷорат тағйир ёфта, аллакай моликиятдорӣ ва тоҷирӣ пайдо мегардад. Моликиятдор аллакай моли худро аз рӯи шартнома ба дигар тоҷирон барои савдо медиҳанд.

Расми 5. Сохтори функционалии соҳибкоре, ки коргари кироя дорад.

пешина
аз 512
навбатӣ