Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
қарзҳо умед бандад, дар куҷо ва бо кадом шартҳо онро гирифтан мумкин; сеюм, ба кӣ маҳсулоти худро мефурӯшад; чорум, чӣ гуна рекламаи истеҳсолоти худро ба роҳ монад. Барои ҷавоб ба ин ва дигар саволҳо мавҷудияти инфраструктураи бозор лозим аст. Ин институтҳоест ба мисли бонкҳо, биржаҳо, ташкилотҳои таъминотию фурӯш, системаи нақлиёт, хоҷагии анҷому борҷома ва ғайра, ки ҳаракати бефосилаи захираҳо ва фондҳоро таъмин мекунанд.
Ба равандҳои иқтисодӣ омилҳои сиёсӣ таъсири калон мерасонанд. Ҳангоми коркарди чорабиниҳо оид ба тараққиёти соҳибкорӣ ҳаёти иқтисодии фавқуллода ба сиёсат омезишёфтаро ба назар нагирифтан номумкин аст. Шартҳои нахустини сиёсӣ барои пешравии соҳибкорӣ ин вазъи муътадил, устувор ва муназзам дар ҳаёти сиёсии мамлакат, тезонидани равандҳои демократикунонӣ ва ғайра ба шумор мераванд.
Ҳуқуқҳои соҳибкор. Ҳар як субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дорои ҳуқуқҳои зерин аст:
оғоз кардан ва пеш бурдани соҳибкорӣ бо роҳи таъсис додан, харида гирифтан ва дигаргун сохтани (аз нав ташкил кардани) корхона, инчунин тавассути бастани шартнома бо соҳиби молу мулки корхона;
дар асосҳои шартнома ҷалб кардан ва истифода бурдани захираҳои молиявӣ, объектҳои моликияти зеҳнӣ, молу мулк ва ҳуқуқҳои алоҳидаи молу мулкии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;
мустақилона тартиб додани барномаи истеҳсолӣ, интихоб кардани таъминкунандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти худ, муқаррар кардани нархҳо ба онҳо дар доирае, ки қонунгузорӣ ва шартнома муайян намудааст;
ба амал баровардани фаъолияти берунии иқтисодӣ ва фаъолияти маъмурӣ оид ба идоракунии корхона;
аз номи корхона, ё мустақилона, мувофиқи қонунгузории амалкунанда ва оинномаи корхона киро кардани коркунон;
мувофиқи қонунгузорӣ, шартномаҳо ва оинномаи корхона ихтиёрдорӣ кардани фоидаи корхона;
истифода бурдан аз хизматрасониҳои системаи таъминоти иҷтимоии давлатӣ, суғуртаи тиббӣ ва иҷтимоӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё