Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Маънии гапатонро нафаҳмидам, апа». «Ҳеҷ гап не. Ба мошин шин, ҳамаашро баъд мефаҳмӣ». Ҳайрон шудам. Чаро ба мошине, ки соҳибони онро намешиносам, шинам. Баъд ин ки ман ба дигар ҷониб равонам. «Мебахшед, апа, ман ба дигар тараф шитоб дорам» – узр пеш овардам.
«Ба куҷо? – гулпурсӣ кард вай, «Худатон нағз медонед, апа...» «Ҳмм. Ба назди ҳамун масчоӣ?» «Набошад, ба назди кӣ мешуд? Масчой-мӣ, ёбоӣ-мӣ, охир шумо шинос карда будед-ку».
«Ман шинос карда нагуфта будам, ки ба ў часпида гир? «Ман часпида нагирифтам. Лекин мулоқоту дидор ва дўстдорӣ ба пиндори ман маънии дигар ҳам дорад ... Барои ҳамин боз узр, шитоб дорам». «Эҳе, ҳоло ошиқ шудам гўй. Э, духтари содда. Ба ду-се сухани зебои вай ҷандагадо фирефта шуда аз маишат монда... О, медонӣ, инҳо киву чӣ кора? Бо доллар гап мезананд. Як соати хароҷоти инҳоро вай гуфтагии ту дар чор-панҷ моҳ намеёбад.
Факт что, дам ғанимат, одам ғанимат, сестрёнка. Пошли!».
Хоҳархондатон дасташро ба бағалам гузаронда, ба тарафи мошин тела кард. Ман аз ҷоям наҷунбидам. «Ҳой, духтар, каллата кор фармо. Бо инҳо бисёр не, чанд соатакак мешавем. Як моҳа зиндагиата дар бадали як соат пайдо мекунӣ. Пас чӣ мехоҳӣ?» ҳамоно вай талқин мекард, ки ба мошин нишинам.
Ғазабам ба ҷўш омад, гиря гулўгирам кард. Аз нўги забонам ин суханҳо берун шуданд: «Шарм намедоред, апа. Вай мардак шуморо бо меҳр хоҳар хондааст. Наход хоҳар арўси бародари хешро ба савдо занад, номўсашро барои чанд доллар шуда фурўшад. Ман шуморо ин хел тасаввур намекардам».
Шасти вай каме гашт, вале ҳоло ҳам аз узангу нафаромада буд. Оҳиста ба гўшам гуфт: «Вай аз куҷо мефаҳмад, ки ту дар куҷо, бо кӣ будӣ. Ягон баҳона мекунӣ, масалан, мегўй, ки тобам нашуду рост ба хона рафтам.» «Разил! Разил шумо!» – бонг задам ман. Чанд роҳгузар ин нидои маро шунида ба ақиб гашта нигоҳ карданд, ки шармам омад. «Мунаввар!...» вай мехост боз чизе гўяд, ки девонавор бонг задам: «Гум шавед! Нобакор! Илоҳӣ ба ғазаби худо гирифтор шавед!» Вай қоҳ-қоҳ зада хандида гуфт:
«Ба дуои курмўш борон наборидааст, ки ба дуои ту борад. Подумаешь. Пушаймон мешӣ, духтар. Нони тайёрро пеши по задан...»
Инро гуфта башаст аз наздам дур шуд. Ман базўр ашкамро нигоҳ дошта, зер лаб «Нобакор» – гуфтаму ҷониби шумо шитофтам ...

пешина
аз 315
навбатӣ