ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вале вай аз худ дарак надод.
Рўзи дигар ба автобаза омада фаҳмид, ки Наҷмиддин сари субҳ ба сафари дуру дарози хидматӣ, ба Маскав рафтааст. Корро бало зад, кобу ёбу гир! Дуд аз димоғи Файзалӣ баромад. Латтааш ба об зад.
Вале вай аз он одамоне набуд, ки аз андаке нобарорӣ зиқу зардоб шаваду тахтаву тиракаша ғундошта монад. Вай «сар медиҳаму намедиҳам сир» гўён бозгашти Наҷмиддинро интизор шуд.
Ниҳоят он рўз ҳам фаро расид. Наҷмиддин омад. Файзалӣ ўро дид. Боз ваъда, ваъда, ваъда... Ваъда ба имрўз, ваъда ба фардою пасфардо. Аз ин ваъдаҳо бағали Файзалӣ пур мешуданд, вале вай аз майдони ҳарб ҳамту мағлуб шуда рафтан намехост. Дар тўли ду моҳ бо Наҷмиддин кам не, ғам не, расо бист маротиба вохўрд, сиву панҷ маротиба телефон кард. Вале ҳанўз ях аз ҷояш намеҷунбид, ваъда ваъда мемонд. Ҳар доим, ҳам ҳини мулоқот, ҳам ҳини телефон Наҷмиддин ўро меҳрубонона, бо лутфу навозиш, бо чеҳраи кушода истиқбол мегирифт, ваъдаи бегоҳу пагоҳ медод, то таги дар гуселаш мекард. Бо вуҷуд автобусчаи Файзалӣ таги боду борон беҳаракат, дар ҳасрати кален-вали Наҷмиддин мехобиду мехобид.
Бечора Файзалӣ ба чанд суолаш ҳеҷ не ки ҷавоб бигирад:
«Чаро ҳар доим Наҷмиддин домани ўро бо чормағзи пуч пур мекунад? Чаро ба ваъдааш вафо намекунад? Чаро ақалан намегўяд, ки «ако, ин кор аз дасти ман намеояд. Чароғатонро ба рўшноӣ занед». Ҷавоби ин суолҳо барои ў муаммое буд сарбаста.
Ниҳоят боз худаш нўги чигилро кушод, яъне ба муаммояш посух ёфт. Вай ин тур кард. Захираҳояшро ҷамъ кард:
ҷамъулҷамъ панҷоҳ ҳазор рубл! Бандча карда аз байнаш ришта гузаронда ба бағал заду роҳи автобазаро пеш гирифт.
Дар дафтари кории Наҷмиддин ду-се тан менишастанд. Вай дар қабулгоҳ чанд дақиқа сабр карда ниҳоят тоқаташ тоқ шуда дарро кушода ва ба он нафарон муроҷиат кард:
– Рафиқон! Гапа камаш хуб. Акнун навбат ба мо, ба хўҷаин кори зарур дорам!
Онҳо баромада рафтанд. Дафтари корӣ холӣ. Файзалӣ ворид шуд. Ба Наҷмиддин нўги даст дода, ба курсии рў ба ру амонат нишаст. Бандчаи пулро аз кисабағал бароварда таққӣ болои миз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё