ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Баъди ду моҳ бо тасодуфе онҳо ба ҳам рў ба ру омаданд. Ду
навча. Навчаи пешина навчаи ҳолангиро нашинохт. Эътибор надода гузашта рафтанӣ шуд, ки навчаи ҳолангӣ маънидор китфашро ба китфи ў расонда гузашт.
– Кўрӣ, намебинӣ? – бонг зад навчаи пешина.
– Бале, як вақт кўр будам. Ҳеҷ ҷоро намедидам. Фақат дар ғами шикам будам. Акнун биноям. Ҳама чизро мебинам. Раҳмат, ҷўра барои дорўи нағзат.
Навчаи пешина навчаи ҳозираро акнун шинохт.
– О, ин тўӣ?
– Бале, ман.
– Э, офарин!
– Офарин ба ман не, ба ту офарин!
– Ин тавр бошад, дастатае те.
– Ин дафъа барои чӣ?
– Те гуфтам, те-да.
– Мана, дастам.
– Қасам хўр.
– Қасам мехўрам. Барои чӣ?
– Барои он ки ...
– Барои он ки ...
– Дигар ҳеҷ гоҳ пур ...
– Дигар ҳеҷ гоҳ пур ...
– Дигар ҳеҷ гоҳ ... пур ҳам намехўраму ғам ҳам.
– Нест бод фарбеҳӣ!
– Нест бод фарбеҳӣ!...
– Ана, ин гапи дигар ...
Соли 1985.
«ДУРУСТТАР НАВИС»
Рўзи якшанбе ҳаққу ҳамсояҳо суратгири рўзнома Амриддини Мўсоро ҳалқасон печонда гирифтанд. Ҳар кадоме дар даст рўзномаи онрўзаро нигоҳ медошт.
– Э, офарин!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё