Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай боз ҳарфе гуфтанӣ буд, ки чизу чораамро ғундошта «Маъзарат. Ман рафтам. Дар дафтари корӣ мешавам. Агар лозим шавам, марҳамат, телефон кунед» гуфтаму аз ҷой бархоста аз поғундаҳои ошёнаи дуюм поён фаромадам.
Дар дафтари корӣ соате нишастам. Дастам ба кор намерафт.
Сабил, асабҳо ҳеҷ не ки ором шаванд. Ду дона ҳабб таъсир накард. Дар ин муддат касе сим назад. «Майлаш. Ҳарчӣ бодо бод.
Пеш кунанд, аз кор пеш мекунанд. Ҷонамро намегиранд-ку. Ман ин хелин лаҳзаҳоро дар зиндагӣ на як бору ду бор дидаам» гуфтаму бархоста дафтари кориамро маҳкам карда ба берун, ба кўча баромадам.
Борон меборид, борони баҳор, майда-майда меборид.
Чакраҳои он ба сару рўям зада асабҳои осебдидаамро навозиш мекарданд. Баъди фосилае ба баҳору навбаҳорон ва борони найсони он ҳамоғўш гашта ҳамаашро фаромўш кардам.

Аз ин қисса чанд муддат сипарӣ гашт. Рўзе дар кўчаи калон ба он «телех» – муҳофизи қаддарози лоғарандом рў ба рў омадам.
Вай аввал як ба рўям теғ кашида нигоҳ карду сипас гўё ман аз ў қарздор бошам, «Мебахшӣ, братан, нафаҳмидам-ки шумо иқа зудранҷ бден» гуфт.
Ман, ки бо дидани афту андоми ў захми чанде пеш бардоштаам боз аз нав рў гирифта буд, оҳиста гуфтам:
– Не, ман аз шумо хафа нестам, додар. Аз бехирадон хафа шудан камоли мардӣ нест! Зинда бошӣ!
Вай ба назарам ба маънии ин ҳарфҳо нарафт, чизе нафаҳмид, ки даст афшонду гузашта рафт.
Ман аз қафо ба ў боз гуфтанӣ будам, ки «Шефат чи гуна, худат намуна. Ту чи хел махлуқе ҳастӣ, ки аз ту хафа шавам. Шояд туву шефат надонед, ки дар зииндагӣ ҳама чиз мегузарад, вазифа ҳам, мансаби баланд ҳам. Ва ҳамин байти шоир тасаллибахши дили ман буд:

Бокам аз туркони тирандоз нест,
Ғамзаи тироваронам мекушад.

Марти соли 1999.

пешина
аз 315
навбатӣ