Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Мана, ҳоли ҳозир аввал шарфаи пои босуботи муҳофизон шунида мешавад, сипас ду тан дохил шуда ин сў, он сўро бодиққат аз назар мегузаронанд. Қоида ҳамин аст. Сипас калон бояд ворид шавад...»
Дар ҳамин андеша будам, ки ҳақиқатан шарфаи қадамҳои баҳодурона ба гўш расид. Ду тан ҷавони калонҷўсса ворид шуда ба ману Моҳира салом дода сипас ба дафтари кории калон даромаданд ва фосилае нагузашта ба қабулгоҳ баромада ба роҳрави мобайнӣ гузаштанд.
Ва... ниҳоят... дўсти деринаи ман ба қабулгоҳ ворид шуд, аз қафояш ҷавони қадбаланди лоғарандом. Калон чанд қадам ба пеш гузошта ногаҳон чашмаш ба ман афтод. Ман хушҳолона табассум карда, ба истиқболаш кадам монданӣ будам, ки муҳофизи қадбаланд пеш роҳамро гирифта бонг зад: «Неположена!» Шастам гашт. Ақиб гаштам. Калон ба рўи ман лаҳзае, фақат лаҳзаяке нигариста бе салому алейк, ҷигот андохта, гуё модарашро ман кушта бошам, сарду бенур «Ҳҳ!» – гуфта қош парронд. Бале, фақат ҳамин қадар «Ҳҳ». Ба назарам ин ишораташ чунин маънӣ дошт: «Ҳа, дар ин ҷо чӣ номаъқулӣ мекунӣ?»
Вай дигар чизе нагуфта бо виқор вориди дафтари корӣ шуд, он қаддарози бемаърифат ҳам аз пасаш даромад. Тарбуз аз багалу қалам аз дастам афтод. Помидори нав аз полиз кандагӣ барин сурху беҳаракат будам. Ба гуфтаи бузургон барои аз ин ҷо кашола карда бурдани ман як ароба лозим буд. Оҳиста ба рўи Моҳира нигаристам. Вай ҳам ҳайрону музтариб. Намедонистам, аз шарм ба ў чӣ гўям? Чӣ хел худро пеши ў сафед кунам? Охир, ман дўсти деринаам, одаму одамгарӣ ва меҳрубониҳои ўро чунон қисса карда будам, ки...
Аз сарам як сатил оби сард рехтагӣ барин шуд. Оҳиста ба курсие, ки бароям Моҳира муҳаё карда буд, нишастам. Сар миёни дастон гирифтам. Боз хомўшӣ. Хайрият, ки он дер давом накард.
Муҳофизи қаддароз аз дарун берун омада маро дидан замон боз ба ғазаб омада, хитоб кард: «Чӣ, иҷада шиштӣ? Иҷада шиштани ту мумкин не. Ба берун баро! Ҳамуҷада ждат кун!» Ин суханҳо ҳарчанд, ки таҳқиромез садо доданд, вале муддаои дили захмини ман буданд, чаро ки ман дигар инҷо лаҳзае истодан намехостам.
Зуд дафтару қалам ва айнакамро ғундошта берун баромадам.
Дар роҳрав, дар кунҷи рост як мизчаи пастакак, болои он аппарати телефон ва назди он курсие меистод.

пешина
аз 315
навбатӣ