Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Менглиқул пурсид:

  • Дар ин бевақтӣ ту ўро аз куҷо меёбӣ?
    Салим афсўс хўрда, худашро ошуфтаҳол нишон дод.
  • Нағз нашуд, аҷаб не, ҳоло ҳам мунтазир бошад, як рафтан лозим!
    Менглиқул ба соат ишора карда гуфт:
  • Як ба соат нигар, аз як гузаштааст, дар ин ҳини шаб ба куҷо меравӣ?
    Салим ба соат нигарист.
  • Хайр, майлаш! Бигузор гуфтаи шумо шавад! – гўён аз нав пиджакашро ба ҷои пештарааш овезон кард.
    Ўро пагоҳӣ Менглиқул бедор кард.
  • Ҷўраҷон! Агар ин хел хоб кунӣ, тамоми умрат ба хоб мегузарад, тезтар хеста рўятро шўй, имрўз корҳои бисёреро ба анҷом расондан лозим, – гуфт ў.
    … Пагоҳии рўзи сеюм онҳо ба тарафи стансия равон шуданд.
    Менглиқул Салимро дар зали стансия монда, худаш ба ким-куҷое ғайб зад.
    Ҳамин вақт Салим дар байни одамони бисёре як духтараки қоматбаландро, ки дар тан куртаи атлас, дар сар тўпии симдўзӣ дошт, дида ба наздаш омад ва ба забони тоҷикӣ пурсид:
  • Ҳамшаҳрӣ, аз шумо як чиз пурсам, майлаш?
  • Шумо аз куҷо? – ба забони тоҷикӣ ҷавоб дод духтарак ҳайрон шуда.
  • Ман аз Душанбе. Пурсидана айбаш не, Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
  • Ба хонаи як дугонаам омадам. Ду-се рўз аст, ки ҳамин ҷоям.
  • Кай бармегардед? – боз пурсид Салим.
    Духтар табассум кард.
  • Мебахшед, саволи ноҷо додам.
  • Не-куя. Лекин …саволдиҳиатон худи кормандони милитсия барин.
  • Не… Ман куҷою милитсия куҷо. Ман ҳам шумо барин ба хонаи ҷўраам омадам. Баъди ду – се рўз меравам. Боз як саволи дигар дорам.
  • Марҳамат.
пешина
аз 315
навбатӣ