ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Қаду қомати баланд ва риши кулутаи дар болои зерманаҳаш дошта, аллакай мошу биринҷ шудааст.
Вай солҳои дарозе директори хонаи маданият шуда кор мекарду ҳеҷ кас намедонист, ки аз куҷо омада чӣ хел соҳиби ин мансаб гардидааст. Умуман кӣ ва чӣ гуна одам будани Мардон Давронов ба касе маълум набуд. Зану фарзанд надошт вай. Дар ошёнаи дуюм, хонаи №11, кўчаи Беҳзод зиндагӣ мекард. Ҳеҷ гоҳ ба хонааш касеро даъват намекард.
Пас аз ду рўзи содир шудани дуздии шўъбаи ҷавоҳироти Универмаги марказӣ фарроши шўъбаи маданят Шароф-амак ҷўе, ки аз тарафи рости боғи маданият ва истироҳат ҷорӣ мешуд, тоза карда чил дона соати ( бистои он тиллогин, бистои дигараш оддӣ) дар матои докагин басташударо аз зери баргҳо ёфта ба шўъбаи милитсия оварда супорид.
Муфаттиши калони шўъбаи милитсияи ноҳияи Октябр Ҳошим Ҳашаров бо ҳамроҳии инспектори кофтукови ҷиноятӣ Мансур Ҳамдамов ба ҷои ёфт шудани соатҳо омада, атрофро аз назар гузаронида, ба шўъбаи милитсия баргаштанд.
Бо хоҳиши Раҷаб Нуров ва бо ризоияти ҷонишини якуми прокурори республика, машваратчии давлатии дараҷаи се Ғафур Шарифов кори ҷиноятӣ – дуздии шўъбаи ҷавоҳироти универмаги марказии райони Октябр, ба кори ҷиноятии кушта шудани Сорокин ва таҳлиди куштани Саид ва Наташа, ки ба фикри Раҷаб Нуров гўё бо ҳам алоқамандӣ дошта бошад, ҳамроҳ карда барои тафтиши он гурўҳи тафтишотӣ ташкил карда шуд. Гурўҳи тафтишотиро Раҷаб Нуров сардорӣ мекард. Ҳамон рўз Раҷаб барои гумони Надежда Петровнаро санҷидан, чанд мўи сунъие, ки ба гуфтаи ў монанд буд, гирифта бо ҳамроҳи Надежда ба райони Октябрь омад. Ҳамон вақт Ҳошим Ҳашаров воқеаи ёфта шудани чил дона соатро ба ў нақл кард.
Раҷаб ҳуҷҷатҳои дар ин масъала ҷамъ ва тафтишкардаи Ҳошимро аз назар гузаронида, ба хулосае омад, ки азназаргузаронӣ хом ва рўякӣ гузаштааст. Вай гузаронидани ҳаракати шинохта тавонистан, ё натавонистани Марионаро аз тарафи Надежда Петровна мавқуф гузошта, ба ҳамроҳии Ҳошим ва Мансур, ки ба гурўҳи тафтишотӣ дохил буданд, ба ҷои ёфти соатҳо омаданд. Дар вақти такроран дида баромадани ҷой диққати Раҷаб Нуровро торҳои борики пахтагине, ки аз таги тирезаи ошьёнаи дуюми бино ба поён ҳамоил шуда, чун тори анкабуд ба ин ва он тараф алвонҷ мехўрданд, ҷалб кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё