Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тамоми донишу тасаввуроти мо дар бораи Оянда ҳадас задан аст, гурехтан аз вазъи мавҷуд аст, фирор аз дилҳурагист. Вале ман мақсаде пеши худ нагузоштаам, ки дар бораи арзишҳои фалсафӣ ба Шумо ваъз хонам. Сад бор не! Ин чизҳоро худи Шумо борҳо хубтар аз ман медонед, мефаҳмед.
Муроди ман ба Шумо ифшо кардани сирри дигар аст. Яъне дар бораи як махлуқе ки онро наметавон мушаххас ном бурд ва ё дар радифи дигар ҳайвонот гузошт. Дар бораи он аз ягон дойират-ул-маъориф маълумот пайдо карда наметавонед. Он на хирс асту на саг асту на гург. Гўё махлуқест, ки аз ин се вуҳуш фароҳам омада. Ранги рўяш сурх аст, чашмаш танг аст ва ба мисли хирс кулуфта аст. Ва агар имконият дошта бошед, ки онро вақти мадид муояна намоед, дар вуҷудаш шабоҳатеро бо ин се махлуқ меёбед.
Ман чандин чунин махлуқро дар дасти табибон / онҳоро намешавад табиб гуфт/,балки нозирони девонахона дидам. Аз ҳайбати онҳо инсон ба ваҳшат меояд. Онҳо душмани қаттоли ояндагаройҳо парвариш мекардаанд. Медонед бо чӣ? Бо гўшти кўдакони навзод, мағзи ҷавонони баруманд ва номуси занони зоё. Мегўянд, шаҳр пур аз ин махлуқҳо шудааст.
Акнун фаҳмидед, ки чаро ман дар кобусҳоям худро пирамарди фартуту гандидатан мебинам. Аз тарс!
Ва тарс омили девонагист. Ва мегўянд, ки модарон, бе истисно, ҳамаашон тифлон пир ба дунё меоранд.
Он кўдакони навзод ба мисли Золи Зар ҳастанд, сафед. Шояд барои ҳамин онҳоро тўъмаи ин махлуқ мегардонанд. Аз тарс! Ҳеҷ қудрате аз тарси завол дар амон нест! Охир ҳар Зол Рустам аст ва ҳар Рустам Сўҳроб…

пешина
аз 341
навбатӣ