Сояҳои шикаста

Шумо аз Одам ҳам масъулияттаред. Одам ин масъулиятро бо Иродаи озоди худаш қабул кард. Вазъи Шумо аз одам фарқ дорад. Мо ин масъулиятро иҷборан ба Шумо бор мекунем. Шумо дар баробири оянда масъулед. Вале Шумо намедонед, ки бо чӣ гуна қаҳрамонӣ азхудгузаштагӣ ман Шуморо ба оянда масъул мегардонам.
Дар ин ҷо муносибат дар истифода барии истилоҳоти фалсафӣ, ба хусус категорияҳои диолектикии Замону Макон хеле хатарнок аст, мармуз аст. Пирон ба иллати он ки ба оянда умед надоранд ва ҳатто онро тасаввур карда наметавонанд, кўҳангаройанд. Медонед, кўҳангарӣ чӣ хатар дорад? Ҳатман тамғайи бунёдгаройии ифротиро ба пешонаатон мезананд. Онҳо ба ин иттиҳом маҳкуманд. Ҷавонон, ки гузаштаро надидаанд, дар гузашта назистаанд, ба оянда умед мебанданд. Вале оянда ҳанўз наёмадааст. Нест. Мармуз аст. Ба иллати он ки онҳо воқеъбину воқеъгароӣ нестанд, ба иттиҳоми хаёлпарасти бе бунёд маҳкуманд. Ман гирифтор ба ин ҳар ду иттиҳом ҳастам. Хатари ман дучанд аст. Як пой ба сўи оянда бардоштаам, вале ҳанўз пойи дигарам дар гили гузашта банд аст. Вале кўҳнагароӣ он қадар хатар надорад, зеро ба гузашта маҳкум аст, дар гузашта банд аст. Аз назари табибони мо худ ҳамин ҷазойи сазовор аст. Баройи ҳамин ҳам ман худамро дар кобусҳоям ҳамеша пирамарди хаставу гандида мебинам ва ҳангоми ба олами қайд баргаштан ҳам худро бовар мекунонам, ки дар ҳақиқат аз як наъши гандидае беш нестам. Ва табибон ҳам ба ин пиндори ман бовар мекунанд.
Занҳо низ ҳамчунони ман хатар доранд. Онҳо таваллудгари гузаштаву Оянда ҳастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё