Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Барои ҳамин ҳам бо гирифтани ин нома ҳайрон мешавед, аз пай ёфтани ман нашавед, суроғҳам накунед, зеро ин амали беҳуда аст. Шумо маро намешиносед ва шояд ҳам надида бошед. Охир ман, фақат як ман девона нестам. Ин қазияро худи Шумо ҳам хеле хуб медонед. Мо ном ҳам надодем.
Балки ҳамаи мо як ном дорем як либосу як роҳбар.
Номамон – Девона, либосамон завлона, роҳбарамон
– Тозиёна. Ҳеҷ як аз дигаре фарқ намекунад ва фазилати фарқкунанда ҳам надорад. Медонед, барои чӣ?
Медонед. Оҳ, хеле хуб медонед! Олими мо говрона дораду чупонамон садри уламост. Деҳқони мо шоир асту шоирамон деҳқон. Шумо шоҳид, ки ин табибони бемағз аз аввал моро ҳамин хел талқин кардаанд.
Мехоҳам ба дасту пойи онҳо низ бояд завлона зад.
Ман ба ҳеҷ касе аз онҳо итминон надорам. Аз ин рў фақат ба Шумо дардамро арза медорам ва аз имрўз ба баъд кобуси зиндагии хешро, балки зиндагии кобусгунии хешро мегўям. Имрўз яъне чоршанбе, дуюми дай моҳи соли 1370. Дар Интиҳо аз Иптидо он роҳе, ки паҳнояш аз қутб то ба қутб асту дар ман қатъ мешавад, оғоз мекунам.
Иродатманди Шумо 1: 4000000 P.S Худованд дар ин рўз, яъне Чаҳоршанбе кори офариниши Оламро ба поён расонид. Ва ин рўз махсуси девонагон аст. Ман офариниши худро аз ин рўз оғоз мекунам. Дигар ҳар Чаҳоршанбе бароятон нома менависам.
1: 4000000.
2 Чаноби Духтур!
Ман дар номаи аввала навишта будам, ки дар Интиҳо аз Иптидо оғоз мекунам.

пешина
аз 341
навбатӣ