Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аҳмад Ниё ба дард, ба тарс меандешад: балки аз хилоли дард гўё дар наворҳои кўҳнаву сутурдаи тасмаҳои тасвир хираву номушаххас мебинад: модаре бегумон вонамуда хешро қасдан, балки ҷабран тифли бегуноҳи хешро ҳангоми аз пул убур кардан ба оби рўд раҳо мекунад. Тифл маҷоли фарёд задан намеёбад ва чун кулўхе ба ҷараёни тези оби пурсадо меафтад. Ва зан карахту беҳис, беҳолу бемадор миёни издиҳоми васвосиву аз хеш бегона, бе масъулияту девона ғарк мешавад ва каш-кашон то ба майдони Шуҳадо фароз меояд. Зери офтоби сўзон, дар муқобили қасри раиси ҷумҳур бо дасти пешкашида, беҳису хушкида меистад. Аҳмад Ниё гўё аз дерзамоне ўро мешинохт. Бадани як замон тару тоза, чеҳраи ширгун сафедаш дигар хушкидаву мумие шуда буд...
Ва ба нохост телефун занг мезанад, ҳамзамон дар ойинаи хокистаргуни телевизион тасвир пайдо мешавад: Ҳануз зане бо дасти пешкашида зери офтоби доғ истода аст ва коргаре чанд аз миёни майдон нардаи баланди оҳанӣ мекашиданд. Миёни зану қасри раиси ҷумҳур садде ба вуҷуд меомад ва майдони Шуҳадоро бо тамоми ҳаводиси моҳи баҳманашро ба бойгонии хотираи фақат як насл месупурд, балки супурда буд.
– Алу... – алу...беҳуда!
– Шумо, кистед?
– Эрус!
– Кӣ?
Дигар гўшии телефон дар гўшаш ба мисли мор фиш мезад. Ў ҳамзамон эҳсос намуд, ки дар дасташ мореро доштаву вайро дар сўрохии гўшаш медорад.

пешина
аз 341
навбатӣ