Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳанўз ҳам тири ту хунолуд аст, эй Намруд!
Ва рўйи марворидхои ғалтон мелағзад. Бар ҷамҷамаҳои таҷзияшудаву тиҳӣ пешпо мехўраду меафтад.
Ин масир поён надорад. Гўё Алванд хушкидааст.
Ва дард мафҳум пайдо мекунад, таҷзия мешаваду ташхис мегардад, ҳастӣ меёбад ва ҳамчун мавҷуди зиндае шакл пайдо мекунад, дар вуҷуди оташзадааш гардиш менамояд. Масири сайри дард ҳам поён надорад. Дард ҳам ба сурати ёхтаҳо таҷзия мешавад ва ҳар ёхта ба дарде табдил мегардад, ҳамчун осмони пурситора дар дили шаби зулмат. Ин ёхтаҳои дард, ин мўякҳои нафису шаффофу ҳанўз шинохтанашуда ва гўё безарар моро ҳамчун динозаврҳо аз байн мебаранд. Алҳол даст ба иқдом задаанд. Ва як рўз охирин башар аз хоб бедор мешавад, ба мисли имрўз хешро дар паҳнои ин замин яккаву танҳо дармеёбад. Вале ў Ҷамшед нест! Ў ТРИХОМУНИД аст! Як ҷисми бофта аз ёхтаҳои ДАРД! Он гоҳ аст, ки бўзина дар мақоми инсон қарор хоҳад гирифт. Ва ЗАМИН ҳам бозгашт ба навъи аввалаи ҳаёт хоҳад намуд. Вале онгоҳ ҳам ТРИХОМУНИД ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Ў то замоне ки шинохта намешавад, ҷовидона хоҳад буд. Балки омили маротиби камоли ҳаёт шинохта хоҳад шуд. Ба ў сифот хоҳанд баст... Ў аз роҳи ношинохта мондан шинохта хоҳад шуд! Мисли худоҳои Шумер! Мисли Аҳромхои Миср! Мисли Ведаҳои Ҳинд! Мисли таърихи Иронвеҷ! Мисли Ҷамшед! Ба мисли зиндагии як мавҷуди зинда...
Ў ҳанўз рўйи марворидҳои ғелони косахонаҳои тиҳӣ аз нигоҳи чашмон мелағжад, меафтад. Ва зане дар сурати осмонӣ хам мешаваду аз ҷабинаш мебўсад.

пешина
аз 341
навбатӣ