Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ў дигар худро як мурдаи эҳтимолӣ тасаввур менамуд. Ва ё як зиндаи эҳтимолие, ки дар шаҳри тоунзадае, алҳол бо сабабҳои барояш номаълум, нисбат ба дигарон барои зиёдтар зинда мондан, шонс бурдааст. Вале дар ҳоли таҷзия шудан аст... Баданаш фурсик медиҳад. Бо кароҳат назарашро аз ин манзараи яъсангез мегурезонад ва гўшҳояшро аз садои мағшуши родию мебандад. Вале ин садоҳо ҳамоно даруни сараш, даруни андешааш шунида мешаванд, манзараҳо дар зеҳнаш ҳамчунон барҷой, гиро ва танаффурангезу тарсонанда боқӣ мондаанд. Ба қатъ кардани телевизиюну родию ҳам наметавонад аз асорати онҳо раҳо шавад. Мисли ин ки дар хоб мебинад: зиндагияш даруни кобуси ваҳшатзое, дар фаросўйи воқеъият ҷараён дорад. Вале ба дурустӣ дарёфта буд, ки ў хоб намебинад. Ҳеҷ гуна кобуси фаросўйӣ дар ҳоли ў сидқ намекунад. Ҳарчӣ ҳаст ва ҳар он чӣ акнун ў эҳсос менамояд, як воқеъияти хилофи қоида, хилофи қонуни маъмули зиндагист.
Зиндагии ў дар макони замони дигаре ҷараён дорад.
«Пас фоли ситорабин воқеъият доштааст. Ман боре зиндагӣ карда будаам. Он ҳоле, ки ман карор дорам, маҳсули таҳтушшуури ман аст».
Дарди сараш аз нав шиддат мегирад, ўро ба воқеъияти зиндагии кобусгуну машкукаш бармегардонад.
Чизе даруни пешонияш ба ҷунбиш меояд. Аз ҷазбаи дард беқарор мешавад. Мушт ба пешонӣ мезанад, вале таскин намеёбад, баръакс авҷу шиддат мегирад. Чанд қурси аспирантиро якбора фурў мебарад, вале ҳайҳот! Табобату таскин додани ранҷ ба ғунчоиши дард меафзояд. Пешонӣ ба парраи чўби тахти хоб ба каррот мекўбад. Беҳуда! Баръакс ранҷи дигаре бар вуҷудаш таҳмил мешавад.

пешина
аз 341
навбатӣ