Сояҳои шикаста

Ҳамин лаҳзаҳо буд, ки Аҳмад Ниё гўё ба худ меомад ва аз аъмоқи андешааш исён ҳамчун тўфоне медамид: Худоё, он чӣ ў мебинад, ва ё эҳсос мекунад, кош хоб набудӣ, балки воқеъият медошт! Ў тамоми шаб натавониста буд аз ин садоҳо барои лаҳзае ғанаб равад, асабиёна аз паҳлў ба паҳлў мегашт, ғелт мезад, хоб ба дидааш намеомад. Мошинҳо бо садои тракторҳо чиғ мекашиданд, аз гаронборӣ мезориданд. Чандин моҳ буд, ки эътисобиюн шаҳрро ба кобуси ҳавлангези димукросӣ кашидаанд. Вақте нотиқон аз садобарҳо аз якдигар дар гулўдарониҳову иттиҳомзанӣ ба ҳукумату ҳизбҳо гўйи сабқат мебурданд ва кафши хешро аз об хушк дармеоварданд, аз дуртарин нуктаҳои шаҳр садояшон шунида мешуд. Ба шабонгоҳон ин мусобиқаи суханрониҳо рўшантару даҳшатбортар садо медод, зеро зузаи сагони велгарди шаҳр низ ба он ҳамроҳ мегашт. Бечора сагон ҳам ба эътисобиюн ва намояндаи ҳизбҳо ҳамраъйи изҳор менамуданд ва аз зиндагии бади хеш шикоят мебурданд. Он рўз гўё шаҳр бемор шуда буд, хоб надошт, аз бехобӣ асабӣ мешуд, даруни ин садоҳои мағшушу махлут бо эҳтиросу эҳтизоз аз нохушие, аз фарҷоми баде нигарони дошт. Шаҳр девона мешуд!...
Ин оромии нисбии як субҳи дери рўзи пойизӣ зиндагии шаҳрро гўё ба маҷрои беғаши хеш кашида буд ва Аҳмад Ниё метарсид, ки фиреб хўрда бошад.
Аз ин рў, аз аъмоқи андешааш садо дармеовард ки:
эй кош, ин хомушӣ дар хоб набудӣ! Ў ба тарсу тардид пилк аз ҳам мекафонад: хона, балки ҳуҷраи хобаш торик буд, балки намешуд онро ба мафҳуми кул торик гуфт. Рўшании дудгуне даруни торикии рақиқ ҳанўз қувват нагирифта буд, мисли субҳи козиб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё