Гаҳворабахш

— Не-е...
— Ҳа. Аз дасти ин далла ҳама кор меояд...
— Даллааш чӣ?
— Занаки даллола, ҳилагар, айёр, найрангбоз ва мунофиқро далла мегуянд. Аз ин аҷузкампир эҳтиёт шудан даркор!
Шарҳи модар маро андак ҳушъёр кард. фаҳмидам, ки байни ў ва Саъбабону хусумате ба вуҷуд омадааст. Шояд дар ягон тўю азо гапашон гурехта бошад. Ё ки модарам Саъбабонуро дар ягон маҷлис сахтакак танқид кардагӣ. Хайр, ин тарафи масъала ба ман дахле надорад.
Муҳиммаш ҳамин, ки суханҳои Аптенабону беғараз нестанд: вай маро аз роҳ зада, аз модарам қасос гирифтанист! Лекип тушбераро хом шумурдааст: ҳеҷ вақт бозичаи дасти вай намешавам! Ҳаргиз буваҷонамро шарманда намекунам!! Бо Мўъмина...
Дарвоқеъ, стоп: гапи падари Азиз чӣ?
— Истед, ки бува, ману Мўъмина-ку холабачаем, Ҳар дуямон ҳамхун.
Магар зану шавҳар шудани мо мумкин аст?
— Набошад чӣ?
— Ба фикри ман, мумкин не. Дар ин хусус як мақола хонда будам...
— Номаъқул кардӣ, донои нодон! Мо ҳам кам-кам газетаю журнал мехонем, аз баъзе чизҳо хабар дорем: зану шавҳар шудани амакзодаҳо мумкин не, чунки онҳо ҳақиқатан ҳамхунанд. Аммо холабачаҳо ин хел не—хунӣ онҳо аллакай дигар-дигар аст. Охир, додои тую падари Мўъмина лоақал хеши дур нестанд-ку! Боз савол дорӣ, бачаҷон?
Дигар ягон ҳарфе нагуфта, худро ба оғўши модар ҳаво додам ва сохтакорона хандидам.
Таътили аҷоибу ғароиб ба охир расиду таҳсили муқаррарӣ сар шуд.
Мани боинтизом ақаллан ним сония оқиб намонда, ба дарси якум расида омадам. Лекии аксари ҳамкурсонам аз рўзи аввал ба дарс омаданро шарт ва зарур наҳисобида буданд. Сабабаш маълум: мо, ки тамомкунанда ҳастем, аз дўғу даранги муаллимҳо наметарсем!
Аз байн чор рўз гузашт. Якто-якто қариб ҳама дар синфхона ҷамъ омаданд. Фақат ҷои Малоҳат холӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё