Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Медонӣ, оқибат чи шуд? Аҳмадбек ҳангоми зирачинӣ аз шах париду ба зови чуқуре афтид. Одамон қариб як моҳ аз кору бор монда, хелеҳо кўшиш карданд, лекин мурдаро аз ин чуқурии ҳавлангез бароварда натавонистанд. Яьне, дуои модари дилхароши Зайтуна мустаҷоб шуд...
Ҳикояти модар маро ба гирдоби андеша андохт. Зеро ҳам дар бораи Саттор-девона ва ҳам дар бораи Аҳмадбек қаблан аз дигар одамҳо низ ҳар гуна қиссаҳо шунидааму ҳатто Матлабхони мўдарозро нағз мешиносам. Ин занак тахмин ҳафтод сол дорад. Аммо то ҳол ҷомаи беқасабу куртаи шоҳии сурх мепўшад ва наварўсон барин ба абрўяш ўсмаю ба чашмонаш сурма молида, дасту пояшро ҳино-ранг карда, маҳалла ба маҳалла мегардаду аз хурду калон Аҳмадбекро суроғ мекунад. Вай ҳар замон ба кўчаи мо ҳам меояд ва кадом дарвозаро, ки хоҳад кушода «Аҳмадбек! Ҳўй, Аҳмадбек-уу!» гўён дўстдоштаашро ҷеғ мезанад.
Ҳа, Матлабхон аз дарду алами ишқи дар нимароҳ мондааш девона гаштааст ва ҳар шабу ҳар рўз маҳбуби ғўрамарги худро меҷўяд. Ғаму андўҳи вай мисли кўҳ сахту бузург аст. Лекин мо, бачаҳои аз дунё бехабар, дар ҳаққи ин зани муштипар байт монда будем ва Матлабхонро дидан ҳамон аз қафояш давида, ҳамакаса он шеърро мехондем:
Кўчаи дурмадароз,
Матлабхони мўдароз.
Ахмадбека гум кардас,
Ранги рўша мум кардас...
Гоҳо Матлабхон аз «суруд»-и мо ба шавқ омада, шикан-шикан аргушт мерафт. Гоҳи дигар ба хашм омада, сангу кулўх ғурронда, моро сур мекард...
Бале, ман аз ин қиссаҳои талх бохабарам. Аммо, рости гап акнун фаҳмидам, ки сабабгори ин бадбахтиҳо гаҳворабахш аст. Мантиқан, маълум мешавад, ки агар ман ҳам ду пойро ба як мўза тиққонда, аз гаҳворабахши худ руй гардонам, он гоҳ бар замми ҷудоиҳо, ман як умр ба ғаму ҳасрат мубтало мешавам... Ҳа-ҳа-ҳа! Афсонаи таппа-тайёр! Саду панҷоҳ фоиз маълум ва равшан аст, ки модарам бо гапҳои нимросту дурўғ чашми маро тарсондан мехоҳад.

пешина
аз 80
навбатӣ