Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Одатан гузаштани ҳар як рӯз бесамар набошад ҳам, касро то андозае ғамгин мекунад. Дақиқа аз паси дақиқа, соат аз паси соат, рӯз аз паси рӯз мегузарад. Дод гӯед ҳам мегузарад, вой гӯед ҳам. Гоҳо ақли кас аз ин гашти бебозгашт моту мабҳут мешавад. Хайрият, чизҳое ҳастанд, ки одамро таскин медиҳанд, вагарна мурури замон, ки оғозу интиҳое надорад, ба назар чизи одӣ намояд ҳам, дар асл аз чизҳои тасаллиовар нест. Ё ман муболиға мекунам? Ё ин фақат ба назари мо, табибон, ҳамин тавр менамояд, ки аксаран бо дардмандон сару кор дорем?
Рост мегуфтаанд, ки мурури замон ҳам бо хотири ҷамъ бо идрок мерасад. Ҳозир барои ман гӯё чархи соат аз ҳаракат мондааст. Гӯё ҳар соат аз дақиқа неву ҳар дақиқа аз соатҳои дурудароз таркиб ёфтааст.
Дар саҳни поёни киштӣ се-чор нафар хизматгорони меҳмонхона рӯи бӯрёе нишаста қартабозӣ мекунанд. Салом дода, дар паҳлуяшон муддате рост истодам. Бозиашон бароям ношинос буд, чизе нафаҳмидам. Яке аз онҳо чилими найдарозеро оварда тамоку андохт, оташ дод ва ду-се қуллоб кашида, баъди пок намудани нӯки наяш бо домани қабо чилимро ба ман дароз кард. Барои он ки мабодо «аз чилими мо ҳазар мекунад» гуфта фикр накунад, як қуллоб кашидам, вале дуди тези тамокуи арзон синаамро сӯзонд. Бо чашмони пуроб чилимро ба соҳибаш баргардонидам.
Аз саҳни поён ба боло зинапояи танге мебарад, ки дастдораки мисин дорад. Ман акнун ба поғундаи якум қадам гузоштанӣ будам, ки касе аз боло хитоб кард:
– Духтур, набароед.
Дар боло мулло Абдурозиқҷонака меистод ва бо лунҷҳои дӯнг даҳон меҷунбонид. Кадом вақте ки ин шахсро набинам, ҳамеша даҳонаш меҷунбад. Ҳеҷ набошад, дар лунҷаш обаки дандон ҳаст, ки макида мегардад. Даме таваққуф кардам, то ки даҳони ӯ холӣ шавад. Мулло шаддае банён дар як даст, бо дасти дигар яке аз онҳоро пӯст канда, ба даҳонаш метиққонид.

пешина
аз 247
навбатӣ