Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«ЭЗОР МУБОРАК!»

Субҳи рӯзи дигар фармоиши сардор эълон шуд, ки аз меҳмонхона як қадам дур наравем. Ҳар дақиқа мумкин аз аэропорт навид бирасад, ки тайёра омодаи савор кардани мост.
Ранги рухсори Исрофил аз таби имшаба андак коста бошад ҳам, худаш ба андозае сиҳат ёфта буд, ки метавонист бемалол гаштугузор кунад. Вале азбаски ҳисси ниқор дар дили банда ҳанӯз қонеъ нагашта буд, маҷбураш намудам, ки аз ҳуҷра берун набарояд. Пешхидмати меҳмонхона хӯроки ӯро ба ба ҳамон ҷо овард.
Пас аз наҳорӣ Абдусамадака аз газетаҳои онрӯза як-ду хабари майда хонда дод. Дар газета бештар аз ним саҳифа расми ходимони сирки Хитой чоп шуда буд: яке чамбарақбозӣ мекард, ду нафар табақчаҳоро ба ҳамдигар ғурронида, дар ҳаво дошта мегирифтанд, сеюмӣ аз даҳонаш оташ мебаровард.
Шиддати гармо тадриҷан меафзуд.
То пешин аз тайёра дараке нашуд.

Ин ҷо мамлакати бегона бошад, мо чӣ кор ҳам карда метавонем? Дар Ватани мо барои кумаки тиббӣ расонидан ба ягон бемор тайёраи махсусро ба садҳо, ҳатто гоҳо ҳазорон километр мефиристанд. Пахтакорон, коргарҳо ё духтурҳо, ё худ артистҳо гурӯҳеро ташкил дода, ба республикаи якдигар рафтанӣ шаванд, даррав тайёраи алоҳида муҳайё. Оби дари хона қадр надорад. Фаровонӣ ва бе малолу миннат ба хизмат омода будани тайёраҳои бисёр як ҳолати одӣ шуда мондааст, ки аз аробаи урфӣ ба ҳар ҳол фарқ доштани тайёраи ҳозиразамон на ҳамеша ба шуури кас мерасад.
Тайёраҳои Судон бошанд, ҳамагӣ аз хориҷа харида шудаанд.

пешина
аз 247
навбатӣ