Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Хайр, меҳри касеро ба чизе мавриди айб ва нуқтагирӣ қарор додан хуб нест. Одамӣ-дия, яке ба гурба дилбастагӣ дорад, дигаре ба саг ё асп, савумӣ аз ҳамаи мавҷудоти олам бани башарро муътабар мешуморад. Дил-дили Зайнаб…
Афсӯс, ки бо хаёл банд шуда, аз маълумоти нодирае бенасиб мондам. Азбаски гурба аслан ҳайвони бахосият будааст, кадоме аз пайғамбарон тахтапушти вайро аз рӯи меҳр бо навозиш сила карда будаанд. Аз шарофати ҳамон навозиш гурбаро ҳоло аз баландӣ ё ҳатто аз болои маноре чаппа карда, подарҳаво партоед, ба замин боз роста шуда, яъне бо пояш мефаромадааст. Мани гаранг нафаҳмида мондам, ки чунин некиро дар ҳаққи ин ҷонвар маҳз кадом пайғамбарамон кардааст.
Бачаҳои ман ҳам як гурба доранд. Мисли аксарияти гурбаҳо, номаш Мошон. Хеле муғамбир, чолок ва то андозае доно бошад ҳам, ба ҳар ҳол бесавод. Бесавод ва аз ривоятҳои аҷоиб бехабар ки ҳаст, намедонад, ки ба ивази ин гуна имтиёзи аҷоиб доштанаш бояд ба арвоҳи ҳамон ҳазрати накукор шукрона бигӯяд. Чунки, охир, аз ҳама ҷонварҳои дигар дида, ба вай бештар аз боме ба боме аз даре ба деворе, ё аз рафе ба рафе халлос задан лозим меояд.
Мунозираи уламо ба мавзӯи хӯрокворӣ гузашт. Аз мавқеи нон ва гӯшт суҳбати илмӣ сар шуд. Донишмандон ба чанд гурӯҳ тақсим шуданд. Яке мегуфт, ки дар ҳангоми палавхӯрӣ гӯшти ошро ба рӯи нон ё нонпорае монда реза кардан ҷоиз нест, зеро болотар аз нон чизе мондан мумкин нест. Дигаре мегуфт, ки рост, болотар аз нон чизе мондан аз савоб нест, аммо гӯшт пора кардан ҷоиз бувад. Савумӣ ақидаи худро возеҳу муайян нагӯяд ҳам, аз ким-кадом маъхазҳо чанд ҷумла иқтибос оварда, мавқеъ ва мартабаи ҳар кадоми ин чизҳоро алоҳида таъкид мекард ва бо ҳамин васила изҳори фазл менамуд.
Исрофил, ки мисли ман дар гӯшае хомӯш нишаста гӯш медод, аз ҷой бархост ва ба роҳрави киштӣ рафта истоду ба ман нигоҳ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё