Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Гӯсфанди харидаат бақувватакак буд?
– Беҷо не. Тахмин ду пуд гӯшту равған дошт.
– Ҳа, дуруст будааст.
– Чаро мепурсӣ?
– Ҳеҷ, ҳамин тавр.
Тамбаи сайёраҳо гашти пешин барҳам хӯрд. Акнун баръало дидан мумкин буд, ки роҳҳои асфалтӣ ва канораҳои онон, паскӯчаҳое ки ду кӯчаи калони ба ҳам мутавозии Миноро ба ҳам мепайвастанд, аз пӯсту каллаву рӯдаву шикамбаи чорво пур шудааст. Гоҳо сайёрае рӯдаву шикамбаи пури гӯсфандро пахш мекард ва ахлоти даруни он ба сару либоси роҳгузарон пош хӯрда, боиси ошӯб мегардид. Аз ин пасмондаҳо бӯи ғализи гароне ба ҳаво бархоста, шушу дили одамро гӯё аз ҳаракат бозмедошт. Аммо барои тоза кардани кӯчаҳо касе ақаллан нохун ба нохун намезад. Фақат гоҳ-гоҳе ходимони маъмуриятро дидан мумкин буд, ки як аппарати минометшакли серғавғои дудандозро ба китф бардошта, ба мобайни издиҳоми одамон, ба даруни дуконҳои таомпазӣ дуди дезинфексия сар дода мегаштанд. Аён буд, ки ин гуна дезинфексияи сатҳӣ бисёр нафъ кунад, фақат тасаллои хотир шуда метавонисту бас.
Манзараи шайтонкӯбӣ лавҳаи ҳузнангезе буд. Эҳтимол, ба дили кас дар аснои шунидани ҳарза ва дидани ҳаракатҳои берабти ягон шиноси наздикаш, ки нохост ба касалии рӯҳӣ гирифтор шудааст, ана ҳамин гуна эҳсосот роҳ ёбад.
Атрофи санги сафедеро, ки ҳайкали шайтон будааст, бо қалъачаи мудавваре иҳота карда буданд. Дар гирди девор тахмин панҷсад каси эҳромпӯш ҷамъ омада, аз паҳлу ва болои сари ҳамдигар ба сӯи ҳайкали иблис сангча меғуррониданд.
Як қисми ҳоҷиён ҳафт дона сангро ғурронда, оромона ба сӯи ҳайкали дувуми шайтон мерафтанд. Як қисми дигар ҳангоми шайтонкӯбӣ монанди дуохонҳои девонаавзоъ ба шӯр омада, сару китфу бозувони худро ба як тарзи ҷунуномез ҷунбонида, сангчаҳои дар зери по парешон шуда хобидаро мушт-мушт бардошта, ба ҳайкал меандохтанд ва агар бо ин ҳам ҳисси интиқомашон қонеъ нагардад, кафшҳои худро кашида, ба сари қалъа меғуррониданд.

пешина
аз 247
навбатӣ