Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 6. ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛ ВА БОКОРТАЪМИНКУНИ
6.1. Мафҳуми шугл, шаклҳои он ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи шугл
Шуғл ва бекорӣ яке аз мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат мебошад. Фаъолияти мӯътадили бозори меҳнат дар шароити иқтисоди бозаргонӣ бояд бо рақобати пешниҳод ва талабот ба қувваи корӣ ташаккул ёбад.
Мувофиқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболигон манъ аст».
Асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатии шуғл дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 № 44 "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" муайян карда шудаанд.
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё