Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
худ низ ба таври импровизатсия сурудҳо эҷод менамоянд, ки намунаи зерин аз ҷумлаи онҳост:
...Диламро пора карда, оби чашмамро равон карда рафтиде,
дадаҷонаме...
Чаро манро ба як дам ятиму нотавон карда рафтиде,
дадаҷонаме...
Ниҳол бишнонда аз сояи он бебаҳра монда рафтиде,
дадаҷонаме...
Шумо чӯ канда, аз обаш ягон катра нахӯрда рафтиде,
дадаҷонаме...
Ҷудо аз ҷӯраҳотон гашта, надонам, куҷо рафтиде,
дадаҷонаме...
Ба болиши аҷал сар монда, дигар сар набардоштиде,
дадаҷонаме...
Ин марсия ҳарчанд аз ҷиҳати вазну қофия нуқсонҳо дорад, вале аз нуқтаи назари мазмун, алоқамандию образнокии фикр ва ифодаҳои рамзӣ ҷолиби диққат аст. Хусусан дар ибораҳои «ниҳол шинонда аз сояи он бебаҳра монда рафтан», «чӯ канда, аз обаш ягон катра нахӯрда рафтан», ки ишора ба роҳати фарзандро надидан мебошад, нолаю фиғони гӯянда образнок ифода гардидааст.
Сурудҳои мотамии фарзандон, падару модарон, хоҳару бародарон ва дигар хешовандон ин гуна суханони образноки ғамангезу пур аз нолаву фиғонро дар бар мекунанд. Ба ин марсияи зерин низ мисоли хуб шуда метавонад:
...Аз боғи ман гулам рафт, гулам рафт,
вой гулам, вой гулам!
Ширинзабонам, булбулам рафт, булбулам рафт,
вой булбулам, вой булбулам!
Гули беҳори ман бекор хазон шуд,
вой гулам, вой гулам!
Чаро бахтам беамон шуд?
вой гулам, вой гулам!
Дигар акнун ба ман умрам гарон шуд,
вой гулам, вой гулам!
Аз осмонам ситорам рафт,
вой гулам, вой гулам!
Ҷаҳон торик шуда аз ман мадорам рафт,
вой гулам, вой гулам!...
Умуман, дар марсияҳои халқӣ оҳанги мусиқии мотам, интонацияи ғамангезона ва гирьяву нолаи дилхарош мавқеи асосӣ дорад. Қимат ва аҳамияти ин гуна марсияҳо бештар дар ҳамин аст. Аз суруди зерин, ки бунёдаш рӯбоии халқӣ мебошад, садои дилхароше ба гӯш мерасад:
Чашмакам дар роҳатон чор шуд, дадаҷонам, э-воее...
Гулҳои ҷаҳон дар назарам хор шуд, дадаҷонам, э-воее!...
Гулҳои ҷаҳона бӯ кунам, бӯи шумо несте, дадаҷонаме...
Сад шаҳра ба шаҳр занам, монандӣ шумо несте, дадаҷонаме,
э-воее...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё