Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Накарда тарки ин хонадон асло,
Илоҳо, то ба пиритон умур бинед,
Ба хурсанди ҳаёти бохузур бинед,
Шумо ҳам аз баччаҳотон тӯю сур бинед
Ба келину ба домод мо салом мегӯем!
Ба Ширину ба Фарҳод мо салом мегӯем!
Ҳозирон: Ҳазор алейк!
Саломномахон: Чу шаҳду шираю шакар шаванд ин ҳарду,
Мисоли Вомику Узро шаванд ин ҳарду,
Ситораҳои муҳаббат шаванд ин ҳарду,
Даме ҷудо нашаванд аз якдигар ин ҳарду.
Ба он ду гавҳари якто салом мегӯем!
Ҳозирон: Ҳазор алейк!
Саломномахон: Ниҳоли қомати домод баҳравар гардад,
Дуо кунед, ки ӯ шоҳи пурсамар гардад,
Ба байни халқ сарфарозу мӯътабар гардад,
Ҳамеша иззату давлат ҳамсафар гардад,
Бо он ду навгули хандон салом мегӯем!..
Ҳозирон: Ҳазор алейк!
Дар баъзе маҳалҳо баъд аз хондани «Саломнома» суруди «Келиннишонӣ» хонда мешудааст. Ин сурудро одатан модаршӯй (хушдоман) хонда, арӯсро ба нишастан таклиф мекардааст, ки ду намунаи суруди мазкур ин тавр аст:
Таги савад ширу қаймоқ,
Келинмулло бодомқавоқ,
Хуш омадед, шинед, келин!
Таги чимилик нону мавиз,
Келинмулло эркаазиз,
Хуш омадед, шинед, келин!
Рӯи ҳавлӣ як бехи себ,
Келинмулло ҳавлизеб,
Хуш омадед, шинед, келин!..
Офтоби ин хонадон, хуш омадед,
Сарвари молу макон, хуш омадед,
Баҳратон ин хонадон муштоқ буд,
Ҷон келин, ҷонон келин, хуш омадед...
Пас аз ин арӯсу домод ба таги чимилик медаромадаанд ва ба онҳо оина нишон медиҳанд, то ки ҳаёташон мисли оина беғубору равшану дурахшон шавад. Баъд ба онҳо шарбат мехӯрондаанд, ки ин рамзи ширин гардидани зиндагии занушӯии онҳо мебошад. Дар ҳамин маврид дар баъзе маҳалҳо шеъри зерин хонда мешудааст:
Ман ёри туам, намешавам ёри касе,
Дар доми туам, намешавам роми касе,
Ин косаи шарбате, ки бо ҳам хӯрдем,
Ҳаргиз нахӯрам шароб дар ҷоми касе.
Ба ҳамин тариқ, мавридҳои асосии иҷро намудани сурудҳои тӯйи арӯсӣ тамом мешудааст. Бояд қайд кард, ки сурудҳои ҳар як марҳила ва мавридҳои маросими тӯй дар ҳар маҳал ҳар хел будаанд. Ҳамаи он сурудҳое, ки дар боло зикр шуданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё