Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
дили шикаста ва хотири озурдае доштанд: «...Ҳайфаки Шарофатхон, ҷои гандаба ғалтид»... «Ҳайфи ҷони Ҳурматхон, бо бангӣ—Тоҳир хона кард».
Чӯи навба об омат,
Шаҳрихонба тӯй омат.
Тӯякашон харакӣ,
Шӯякашон пиракӣ.
Дар як қатор ашӯлаҳо маҷбурӣ ва машаққатангез будани никоҳ, аз тарафи падару модар зӯран ба шавҳар дода шудани духтарон бо оҳанги пурэътироз аз забони худи онҳо баён меёбад:
Дадум як сум пул доданд.
«Сакич гиру хой» гуфтанд.
Мана базӯрӣ дода,
«Азобата каш» гуфтанд.
Дадо, дадогӣ кунед,
Ҳаргиҷоба натиед.
Ҳаргиҷоба додана.
Алангаба сар диҳед!
Зимнан духтарон аз азоби худ дар хонаи шавҳарони номуносиб шикоят мекунанд: «Муносибам ёр нашуд, Дилу ҷигарам хун шуд».
Инак, дар ашӯлаҳо низ чун дар частушкаҳои ғоинқилобии рус «Фоҷиаҳои муҳаббате ошкор мешавад, ки ҳукми хешу ақрабо ва нобаробарии моддӣ пахшу маҷак карда буд»¹. Дар ашӯлаҳо низ ҷавононе амал мекунанд, ки ҳам муҳаббате дар дил мепарваранд ва ҳам аз асорати зиндагӣ ба хашм омадаанд ва ё мутейи тартиботи ҷорӣ шуда, ба тақдири худ тан додаанд.
Яке аз урфу одатҳое, ки беҳуқуқӣ ва ғуломии занҳоро мустаҳкам мекард, серзанӣ буд, ки ин мавзӯъ дар ашӯлаҳо нисбат ба байту рубоӣ васеътар тасвир шудааст. Сабаби дар байту рубоӣ маҳдуд будани инъикоси ин ҳодиса аз суханони зерини А. Н. Кисляков равшан мешавад: «Дар байни тоҷикони кӯҳсор якзанӣ бештар расм шудааст. Ин ҷо моро набояд чунин масъала ҳайрон кунад, ки гӯё серзанӣ имтиёзи мамлакатҳои шарқ аст. Ба он фақат одамони доро имконият доранд ва серзанӣ асосан дар оилаҳои бой ва амалдорон мушоҳида мегардад»².
Серзанӣ дар маҳалҳои паҳншуданӣ ашӯлаҳо—шаҳрҳо ва деҳоти ноҳияҳои шимолӣ нисбатан бештар одат шуда буд ва маҳз ба ин сабаб мавзӯи як қисми алоҳидаи ашӯлаҳои халқӣ қарор гирифтааст. Дар ашӯлаҳо ҷиҳатҳои гуногуни ин ҳодиса акс меёбад. Бисёр занҳо, ки ба сарашон омадани ин бадбахтӣ яқин буд, бо ҳавотирию изтироб рӯз мегузарониданд.
¹ А. Л. Горелов. Русская частушка в записях советского времени, стр. 7.
² Н. А. Кисляков. Следы первобытного коммунизма у горных таджиков Вахио-боло. М.—Л., 1935, стр. 124.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё