Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дар ҳамин хел мавридҳо тавлидшударо инъикос менамоянд. Хоҳареро рафтори зани акааш ба дод овардааст:

Рӯмол дӯхтам гули нор,
Замин гирад рангу бор.
Ҳони духтардор сӯзад,
Акома кардас абгор.

Дар бозор нархи ресмон боло рафтааст, тезтар ресмон тайёр кардан лозим аст:

Чарх гардону чарх гардон,
Чархама тезтар гардон!
Аз бозор хабар омад,
Чорек ресмон-як ман нон!

Оид ба таърихи пайдоиши ашӯла. Аз рӯи баъзе фактҳо инчунин тахмин кардан мумкин аст, ки ашӯла қадимтарин намуди назми даҳонакии халқи тоҷик аст. Ба ин, аввалан, ниҳоят оддӣ будани шакли ашӯла, услубан мутобиқат кардани он ба психологияи мардумони замонҳои қадим, ки банду басти сурудҳояшон ниҳоят оддӣ ва сабук буд ва сониян, як суруди тоҷикии дар аввали асри XIII эҷодшуда, ки шаклан ба ашӯлаҳои имрӯза хеле монандӣ дошта, дар «Таърихи Табарӣ» ва дигар китобҳои қадима зикр ёфтааст1, гувоҳӣ медиҳад. Он суруд ба муносибати аз Хатлон (Кӯлоби имрӯза) ронда шудани лашкари араб гуфта шуда будааст:

Аз Хатлон омадия,
Ба рӯй табох омадия.
Обор боз омадия,
Хушангнизор омади-1

Дар байни ашӯлаҳои ҷамъшуда нусхаҳоеро дучор мекунем, ки ба ин суруд шабоҳат доранд:

Аз деҳи боз омадаем,
Бо сару соз омадаем.
Бо куртаи карбосӣ,
Бо нозу роз омадаем.

Яке аз фолклоршиносони машҳури рус академик Ю. М. Соколов дар частушкаҳо фавран акс ёфтани тағйирёбиҳои босуръати зиндагиро ба эътибор гирифта, онҳоро кинематографи даҳонакӣ (словесный кинематограф) номидааст. Ин суханонро ба ашӯлаҳои тоҷикӣ низ нисбат додан мумкин аст.

Ба қавли А. А. Горелов маҷмӯаҳои частушкаҳо «роман»-и сареъоттағйир (зудтағйирёбанда) аст3 Вале азбаски ба ин ва

1 Дар бораи хусусиятҳои ин кабил сурудҳо: аввалин И. С. Брагинский нисбатан муфассал таваққуф кардааст: ниг. Из истории таджикской народной поэзии, стр. 254.

2 Соколов Ю. М. Русский фольклор, М., 1941, стр. 407.

3 А. А. Горелов. Русская частушка в записях советского времени. В кн. «Частушки в записях советского времени». М.—Л., 1965, стр. 7.

пешина
аз 295
навбатӣ