Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

атҷои тасвир васеъ ба кор бурда мешаванд. Ин санъатҳо ҳар қадар бамавқеъ истифода шаванд, ҳамон қадар зарофату таъсири ҳазлу ҳаҷв меафзояд. Масалан, дар суруди зерин муболиғаву муҳобот басо завқовар истифода шудааст:

Имшаб то рӯз дар хона,
Шуд ҷанги рустамона,
Лашкари кайк ҳамла кард,
Аз чор тараф тала кард.
Ким-чӣ шуду банохост,
Кайк аз поён боло тохт.
Даста бурдум ба пуштум,
Як кайки маста куштум.
Пустуш кардум нух кулоч,
Ҳам сурфа шуд, ҳам саноч,
Аввал задум бо теша,
Теша шуд тика-тика,
Бад задум бо найза,
Найза шуд пора-пора...

Ҳам сурфаву ҳам саноч шудани пӯсти кайк ғояти муболиға аст. Дар як қатор сурудҳо ба истифодаи ин хел муболиға рағбат ва саргармии махсус мушоҳида мешавад ва ба туфайли ин ҳазлу шӯхии дилчасп ба миён меояд.

Дар баробари ин, ҳазл дар сурудҳо ба воситаи суханбозӣ, такрори маҳз ва «бозӣ дорондани калимаҳо», «шикастану аз нав пайвастан» ва ё марҷонвор қатор кардани калима ва ҳиҷоҳои он ба вуқӯъ меояд. Бо ин усул ҳатто шеърҳои муқаррарии ишқие, ки мавзӯяшон шикоят аз ёри дилсахту номеҳрубон аст, хусусияти сурудҳои шӯху хурсандибахшро ба худ мегиранд. Дар суруди зерин ба замми аз маҷмӯи суханони якранги каммаъно иборат шуда, хандаовар гардидани накарот, ба мақсади ишорае ба ҳаракату амал, такрор ба такрор ба забон оварда шудани ҳиҷоҳои калимаҳои охирини мисраъҳо ва ба нидоҳои рангоранг табдил додани ин ҳиҷоҳо, ҳазлу шӯхии ширину дилчасп ба миён омадааст. Як порчаи сурудро мисол меоварем:

Як гурбию ду гурбию се гурбию чор
Ду гурбию нор, ду гурбию нор.
Ёр дар бистари роҳат бикунад хур-хури хур,
Мани бечора зи беруни дараш қур-қурӣ қур...
Як гурбию ду гурбию се гурбию чор
Ду гурбию нор, ду гурбию нор.
Хостам то дари ӯ боз кунам, ман-мани ман.
Саги ӯ кард нигаҳ бар сари ман ур-ури ур...
Як гурбию ду гурбию се гурбию чор
Ду гурбию нор, ду гурбию нор.

Ҳазлу шӯхӣ дар ин қабил сурудҳо ба сабаби касдан тахриф шудани калима (чунончӣ ур-ури ур ба ҷои ғур-ғур) ва қасдан нофаҳмо талаффуз шудани он (гурбӣ) бештар қувват мегирад ва шавқангез мегардад.

пешина
аз 295
навбатӣ