Муҳаққиқи соҳибмактаб

Бинобар ин, тадқиқи таърихи матн ҳоло тамоми паҳлуҳои омӯзиши асари бадеӣ чун образҳо, хатти амалиёт, бандубаст ва забону услуби асарро фаро гирифта, бо ҳамин дар адабиётшиносӣ як соҳаи самараноки таҳлили филологиро ба вуҷуд овардааст. Устод Табаров ҳамин нуктаро дар назар дошта менависад: «Бе матни қонунӣ, бе муайян кардани асли асар (бе атрибутсия), бе омӯзиши тамоми вариантҳои асари бадеӣ ва монанди онҳо доир ба тамоми хусусиятҳои ғоявию тематикӣ, адабию бадеӣ ва фалсафию эстетикии он изҳори ақида намудан ва дар бораи он ба хулосаи мукаммал ва аниқ омадан кори ниҳоят мушкил аст» (55,117).
Агар ба тадқиқоти пурбаракати Табаров С., алалхусус, ба «Пайрав Сулаймонӣ» (Очерки ҳаёт ва эҷодиёт) ном рисолаи бунёдии устод таваҷҷуҳ намоем, боиси амиқрафти таҳлили филологӣ гардидани нақди матнро баръало эҳсос менамоем.
Аз поварақҳои ин тадқиқоти пурмуҳтаво бармеояд, ки мутасаддиёни чопи маҷмуаҳои Пайрав Сулаймонӣ бисёр калима, таркиб ва ҳатто порчаҳои алоҳидаи муаллифро ё тағйир додаанд ё аз матн ихтисор кардаанд ва барқарор намудани матн фаъолияти сангинеро ба уҳда доштааст. Ҷои таассуф аст, ки дастовардҳои С. Табаров оид ба нақди матни ашъори Пайрав дар чопҳои минбаъдаи маҷмӯаҳои шоир ба эътибор гирифта нашудааст. Масалан, муҳаққиқ дар бораи номи манзумаи «Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва матбуоти ранҷбарии тоҷик» дар поварақ чунин ишора дорад: «Дар достони номбаршуда дар маҷмӯаҳои солҳои 1941, 1949, 1954, 1959 бе ҳеҷ асос ва сабаб калимаи «ҷумҳурият» ба «республика» иваз карда шудааст». Ё худ муҳаққиқ аз достони мазкур байти:
Ӯ боҷситони Чину Эрон,
Фармонравои Ҳинду Афғон-ро
оварда, дар поварақ таъкид мекунад, ки: «Дар «Қадам ба панҷсолаи дувум» ин мисраъҳо пасу пеш омадаанд.
М.Турсунзода... онҳоро аз маҷмӯаи ашъори соли 1941 берун кардааст. Аз ҳамин сабаб аз маҷмӯаи солҳои 1949 ва 1959 низ ин байт гирифта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё