Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон ба нақду баррасии эҷодиёти Абдуррауфи Фитрат зиёда таваҷҷуҳ зоҳир намудани устод Табаров бесабаб нест. Ин нависанда, ки ба таъбири устод Айнӣ, «аз талабагони истеъдодноку аз ҳама фозили Бухоро ба шумор мерафт» ва солҳои 1910-1914 дар мадрасаи «Воизия»-и Истамбул таҳсилро идома дода буд, то инқилоби Октябр (1917) беҳтарин ва муассиртарин асарҳои мансур ва манзуми реалистии тоҷикро эҷод намуд ва бо ҳамин дар бедории шуури миллӣ, худшиносӣ ва эҳсоси ватанхоҳиву озодандешии халқи тоҷик ҳиссаи арзанда ва муносиб гузошт.
Мутаассифона, Фитрати маорифпарвар солҳои 1916-1924 ба ҷараёни зарарноки пантуркизм ва панӯзбекизм гаравида, дар Ҷумҳурии халкии шӯравии Бухоро (1920-1924) ба мансабҳои вазири корҳои хориҷӣ ва вазири маориф расид ва дар ин айём ба бисёр хатоҳои сиёсӣ ва миллӣ роҳ дод.
Баъди таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон (1924) Фитрат аз нав ба навиштани асарҳои тоҷикӣ шуруъ карда, мехост боз ба адабиёту фарҳанги тоҷик қаробат пайдо кунад, ки ин ҳолатро аз таълифоти бадеӣ, мақолаҳои илмӣ, дарс, маъруза ва суханрониҳои ӯ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, намоишномаи «Шӯриши Восеъ» (1927), рисолаи таърихии «Даврони ҳукмронии амир Олимхон» (1930), асари публитсистии «Аморати Бухоро» (1930), пешгуфтор ба қиссаи «Одина»-и С.Айнӣ ва ғайра пайи ҳам ба табъ расиданд. Вале Фитрат дар миёни халқи тоҷик обрӯю эътибори авваларо барқарор карда натавонист ва оқибат соли 1937 ба маҳкама кашида, соли 1938 ба қатл расонида шуд. Дар замони шӯравӣ омӯзиш ва таълиму тадқиқи эҷодиёти Фитрат мамнуъ буд.
Бо вуҷуди аз cap гузаронидани ҳаёти пуртазоду моҷароҷӯёна давраи аввали эҷодиёти Фитрат имкон медиҳад, ки адиб яке аз поягузорони адабиёти давраи нави тоҷик шинохта шавад. Ба гуфти устод Айнӣ, «ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдуррауфи Фитрат оғоз меёбад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё