Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

мешавад:
• ҳаҷми фурӯш бо пули нақд;
• сатҳи пардохти қарзи дебиторӣ;
• ҳаҷми фурӯши дороиҳо, коғазҳои қиматнок;
• пардохтҳо ба ҳисоби афзоиши сармояи худӣ;
• даромад аз сармоягузорӣ;
• ҳаҷми ҷалби қарзҳои бонкӣ ё маблағҳо аз сарчашмаҳои дигар;
• ҳаҷми хароҷоти моддӣ ва меҳнатӣ, ки барои иҷрои нақшаи истеҳсолӣ заруранд;
• хароҷот барои мақсадҳои маъмурӣ;
• ҳаҷми пардохти қарзҳое, ки вақти пардохтанашон расидааст;
• ҳаҷми пардохти дивидендҳо;
• маблағгузорӣ ба биноҳо, иншоот, таҷҳизот;
• ҳаҷми пардохти андозҳо.

  1. Нақша оид ба манбаъҳо ва истифодабарии воситаҳо

Нақша оид ба манбаъҳо ва истифодабарии воситаҳо нишон медиҳад, ки воситаҳои пулии аз фаъолияти хоҷагидории худи корхона ва аз манбаъҳои дигар бадастомада ба кадом мақсадҳо истифода шуда истодаанд. Мақсад аз чунин нақша додани тасаввуроти равшан дар бораи чӣ гуна ташаккул ёфтани воситаҳои пулии корхона ва чӣ гуна сарф шудани онҳо барои пӯшиши қарзҳо мебошад.

Нақша оид ба манбаъҳо ва истифодабарии воситаҳо ҳам ба соҳибкор ва ҳам ба сармоягузори эҳтимолӣ барои дурустар фаҳмидани вазъи молиявии корхона ва арзёбии сиёсати мунтахаби молиявӣ кумак мекунад.

Ҳисоботи тавозуни пешгӯӣшуда тавассути тасҳеҳи ҳисоботи тавозунӣ барои соли пешини ҳамакнун ба охиррасида бо назардошти ҳама намудҳои фаъолияте таҳия карда мешавад, ки тайи давраи буҷетӣ истифода бояд бурд. Корхона бояд чунин ҳисоботро тартиб диҳад, чунки он:
• метавонад мушкилиҳои алоҳидаи молиявиеро ошкор созад, ки роҳбарият ҳалли онҳоро ба нақша нагирифта буд;
• ба сифати василаи дақиқи назорати ҳама нақшаҳои дигари дурнамои давраи минбаъдии фаъолияти ширкат хизмат мекунад;
• ба роҳбарият дар анҷом додани ҳисоби зарибу нишондиҳандаҳо

пешина
аз 151
навбатӣ