Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қарзне муқаррар карда мешаванд, ки бо бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар инструментҳои молиявӣ баста шудаанд.

3.5. Марҳилаҳои асосии таҳияи нақшаи молиявӣ дар корхона

Нақшаи молиявӣ ин қисми ҷудонопазири бизнес-нақшаи корхона мебошад. Он бояд муҳтавои қисмати тавсифкунандаи банақшагириро ҷамъбаст кунад, то онҳо дар шакли арзишӣ ифода карда шаванд. Дар ин ҳолат якбора чандин ҳуҷҷатҳои стандартии таҷрибаи ҷаҳониро таҳия намудан лозим аст:

  • Пешгӯии ҳаҷми фурӯш.
  • Нақшаи истеҳсолӣ.
  • Нақшаи даромаду хароҷот (харҷномаи хароҷоти мустақим барои масолеҳ, барои музди кор, хароҷоти умумии иловагӣ, хароҷоти тиҷоратӣ ва маъмурӣ).
  • Тавозуни воридоту пардохтҳои пулӣ.
  • Нақшаи манбаъҳо ва истифодабарии маблағҳо.
  • Нақшаи маҷмӯии тавозуни дороиҳо ва уҳдадориҳои корхона.
  • Таҳлили безарарӣ.
  • Стратегияи молиякунонӣ.
  1. Пешгӯии ҳаҷми фурӯш Пешгӯии ҳаҷми фурӯшро як навъ нуқтаи ибтидоии омодасозии буҷети асосӣ гуфтан мумкин аст, чунки ҳаҷми дарназардоштаи фурӯш ба тамоми қисмҳои таркибии буҷети асосӣ таъсир мерасонад.
    Нақшаи фурӯш одатан миқдори воҳидҳои ҳар як маҳсулотест, ки корхона фурӯхтанашонро пешбинӣ мекунад. Барои тартиб додани нақшаи фурӯш ин нишондиҳанда ба нархи фурӯши воҳиди маҳсулот зарб зада мешавад. Нақшаи фурӯш инчунин ҳисоби воридоти эҳтимолии пулиро, ки баъдтар дар таҳияи нақшаи хазинадорӣ ба инобат гирифта хоҳанд шуд, дар бар мегирад. Вазифаи пешгӯии ҳаҷми фурӯш додани тасаввурот дар бораи ҳиссаи бозор аст, ки корхона бо маҳсулоти худ ишғол карданист.
    Одатан пешгӯии ҳаҷми фурӯш ба инҳо асос меёбад:
    • ба арзёбии нишондиҳандаҳои тақозои оянда;
    • ба арзёбии пешниҳодҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагони дигар;
    • ба натиҷаҳои пешгӯиҳои бозорӣ ва пешгӯии ҳиссаи бозор:
пешина
аз 151
навбатӣ