Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ашёи хом, масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин хароҷоти нақлиётӣ ва суғуртакунӣ дар рафти боркашонӣ дохил карда мешаванд.

Тақвими мазкур ҳамагӣ як фасл дорад - «ҷадвали пардохтҳои марбут ба ташаккули захираҳои истеҳсолӣ». Маблағу санаи ин пардохтҳо тибқи аҳднома бо шарикони тиҷоратӣ ё нақшаҳои хариди дороиҳои молию моддӣ муқаррар карда мешаванд. Одатан дар таркиби ин пардохтҳо қарзҳои кредитории корхона бо таъминкунандагон ҳам инъикос мегардад.

Тақвими (буҷети) хароҷоти идорӣ - дар таркиби ин буҷет пардохтҳои оид ба хариди лавозимоти канцелярия, барномаҳои компютерӣ ва воситаҳои техникии ташкилӣ, ки ба таркиби активҳои ғайригардон дохил нестанд; хароҷот барои сафарҳои меҳнатӣ; хароҷоти почта ва телеграф ва дигар хароҷоти марбут ба идораи корхона инъикос карда мешаванд (ба ғайр аз хароҷоти музди меҳнати ҳайати маъмурӣ-идорӣ, ки ба тақвими пардохти музди кор дахл доранд).

Тақвими мазкур ҳамагӣ як фаслро дар бар мегирад - «ҷадвали пардохтҳо барои идораи умумихоҷагӣ». Маблағи пардохтҳои ин тақвим бо харҷнома (смета)-и дахлдор, санаи анҷомдиҳии онҳо бошад - тибқи мувофиқа бо хадамоти дахлдори идора муайян карда мешавад.

Тақвими (буҷети) фурӯши маҳсулот - ин шакли тақвими пардохт одатан барои марказҳои даромад ё марказҳои фонди корхона таҳия карда мешавад. Тақвими мазкур ду фаслро дар бар мегирад - «ҷадвали воридоти пардохтҳо барои маҳсулоти фурӯхташуда» ва «ҷадвали хароҷоти таъминкунандаи фурӯши маҳсулот».

Дар фасли якум воридоти воситаҳои пулӣ зимни ҳисоби нақд барои маҳсулот инъикос карда мешавад (агар ин маркази масъулият хазинагузории қарзи дебиториро оиди ҳисоббаробаркунӣ бо харидорон назорат намояд, пас дар фасли якум ин навъи воридоти воситаҳои пулӣ низ инъикос меёбад).

Дар фасли дуюм хароҷот барои маркетинг, шабакаи фурӯш, реклама ва амсоли инҳо сабт карда мешаванд.

Дар низоми банақшагирии ҷараёни пулии дар фаъолияти сармоягузорӣ навъҳои асосии тақвими пардохтҳо инҳо мебошанд:

-тақвим (буҷет)-и ташаккули ҷузъдони сармоягузориҳои молиявии дарозмуҳлат - ин навъи ҳуҷҷати ҷории нақшавӣ аз ду фасл иборат аст - «ҷадвали хароҷоти бадастоварии василаҳои гуногуни дарозмуҳлати молиявии сармоягузорӣ» (саҳмияҳо,

пешина
аз 151
навбатӣ