Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
сармоягузориро ба назар гирифта, имкон медиҳад то паёмаДҶОИ манфии он барои ташкилот камтар карда шаванд.
Он бартарии ташкилотро дар самти фаъолияти сармоягузорӣ дар қиёс бо рақибон инъикос менамояд. Мавҷудияти стратегияи сармоягузорӣ робитаи сахти байни идораи стратегӣ, ҷорӣ ва сармоягузории ташкилотро таъмин мекунад.
Он таъминкунандаи барномаи дахлдори рафтори ташкилот дар чаҳорчӯбаи амалисозии қарорҳои муҳимтарини стратегияи сармоягузорӣ мебошад.
Дар дохили стратегияи сармоягузорӣ аҳамиятнокии баҳоҳои асосӣ баҳри интихоби лоиҳаҳои воқеии сармоягузорӣ ва воситаҳои молиявӣ барои гузоштани сармоя ташкил карда мешавад.
Стратегияи таҳияшудаи сармоягузорӣ яке аз заминаҳои бунёдии тағйироти стратегии сохтори умумии идораи ташкилот ва фарҳанги ташкилии он мебошад.
Асоси таҳияи стратегияи сармоягузории ташкилотро принсипҳои тафаккури нави идора - низоми идоракунии стратегӣ ташкил медиҳанд. Принсипҳои асосие, ки омодасозӣ ва қабули қарорҳои стратегии сармоягузориро дар ҷараёни таҳияи стратегияи сармоягузории ташкилот таъмин мекунанд, инҳо мебошанд:
Принсипи инвайронментализм (инвайронмент (лот., англ - муҳит). Моҳияти ин принсип аз он иборат аст, ки зимни таҳияи стратегияи сармоягузорӣ ташкилот чун як низоми муайяне баррасӣ мешавад, ки барои ҳамкории фаъол бо омилҳои муҳити беруна сармоягузорӣ кушода аст. Кушодагии корхона ҳамчун низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва қобилияти худташкилкунии он барои таъмини сатҳи сифатан нави ташкили стратегияи сармоягузории он имкон медиҳад. Бар хилофи инвайронментализм, конститутсионализм ба маънои ташкилоти пӯшида аст, ки фаъолияташ сармоягузорӣ ва дигар ҳамкориро бо муҳити беруна дар назар надорад.
Принсипи мувофиқат. Стратегияи сармоягузории қисме аз стратегияи умумии рушди ташкилот буда, ба он тобеъ мебошад.
Бинобар ҳамин онро бо мақсаду самтҳои стратегии фаъолияти амалиётии ташкилот мувофиқ бояд кард. Стратегияи сармоягузорӣ дар ин зимн чун яке аз омилҳои асосии таъмини рушди самараноки ташкилот мувофиқи стратегияи умумин интихобгардида баррасӣ карда мешавад. Ба ғайр аз ин, стратегияи таҳияшудаи сармоягузорӣ бояд ҳамбастагии идораи стратегӣ, ҷорӣ ва амалиётии ташкилотро таъмин кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё