Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
- Фонда
1428,6/10000 x 100 = 14% 2428,6/11000 x 100 = 22% 2428,6
x 0,14 = 340
1428,6 x 0,14 = 200
Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳадди даромаднокӣ ба 8571,4 ҳазор сомонӣ баробар аст. Яъне дар сурати расидан ба 8571,4 ҳазор сомонӣ маблағи фурӯши корхона, ниҳоят, ба пӯшонидани хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда ноил мегардад. Ҳар воҳиди маҳсулоти фурӯхташудаи баъдӣ аллакай фоида меорад. Ҳадди даромаднокиро дониста, мо метавонем захираи устувории молиявии корхонаро муайян намоем.
Фарқи байни маблағи воқеии аз фурӯши маҳсулот бадастомада ва ҳадди даромаднокӣ ин захираи устувории молиявии корхонаро ташкил медиҳад. Агар маблағи аз фурӯш бадастомада аз ҳадди даромаднокӣ поинтар фурояд, вазъи молиявии корхона бад мешавад, камчинии воситаҳои лиқвиднок ба вуҷуд меояд. Захираи устувории молиявӣ = 10 000 ҳазор - 8571,4 ҳазор = 1428,6 ҳазор сомонӣ аст, ва ин тақрибан 14 %-и маблағи аз фурӯш бадастомадаро ташкил медиҳад.
Ин чунин маъно дорад, ки корхона ба пастшавии 14 %-и маблағи фурӯш бидуни таҳдид ба вазъи молиявии худ тоб оварда метавонад.
Вазифаҳо барои корҳои мустақилона:
- Тайёрӣ ба муҳокимаи шифоҳии саволҳо дар доираи мавзӯъ.
- Ҷавоб ба саволҳои санҷишӣ.
- Навиштани реферат дар мавзӯъҳо:
- «Таърихи пайдоиш ва инкишофи левериҷ»;
- «Мафҳум ва моҳияти левериҷи молиявӣ».
- Ҷавоб додан ба саволҳои тестӣ.
- Тартиб додани луғат доир ба мавзӯъ.
Саволҳои санҷишӣ:
- Моҳияти левериҷро шарҳ диҳед.
- Намудҳои левериҷро тасниф намоед.
- Фарқияти левериҷи амалиётӣ аз левериҷи молиявӣ дар чист?
- Ҳудуди даромаднокиро шарҳ диҳед.
- Усулҳои баҳисобгирии ҳудуди даромаднокиро номбар кунед.
Тест 1. Дар менеҷменти молиявӣ намудҳои зерини левериҷро ҷудо мекунанд:
А) молиявӣ; В) истеҳсолӣ; С) истеҳсолӣ-молиявӣ; D) ҷорӣ; Е) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё