Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инсони дорои хулқи ҳамида албатта фарзанди лоиқи фахри ватанаш мегардад. Фарзандони мо мӯҳтоҷи тарбияанд. Бояд онҳоро дар хона, дар мактаби миёна ва олӣ ва умуман дар ҷамъият аз таълиму тарбия дур насозем ва ба сӯи камолот ҳидоят намоем. Ба ин хотир бояд аз усулҳои дарс, намоиши филмҳо, сӯҳбатҳо бо инсонҳои шинохтаву фарҳехта ва ғайра истифода кунем.
Инсон бояд дар қалбаш инқилобе кунад. Ба худ пас гашта, аз ҳавову ҳавасҳо покиза шуда, нафсашро пок сохта, кибр, нотавонӣ, чашмгуруснагӣ ва сифатҳои манфиро маҳв намуда, орзу намояд, ки аз саодати тараққиёти маърифаташ роҳате ба даст орад. Дар ин роҳ аз инсонҳои комил, осори пурқиматашон ибрат омӯзад. “Донаҳои тухми комилӣ дар ҳар қалб ҷой дораду беҳаракат аст.
Онро бояд бедор намуда, парвариш намуд. Фақат дар ҳамин ҳолат дона месабзад ва инсон ба рӯ ба ҳақиқати асил меорад”.

Бе тарбияте ниҳоли наврас,
Ҳаргиз самари накӯ наорад.
Аз хок намедамад гиёҳе,
То дона дар он касе накорад.
(Аз падари бузургворам)

Худои якто ба мову шумо тавфиқ диҳад, ки мутаваҷҷеҳи азамати худ бошем. Валлоҳу аълам.

пешина
аз 53